Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Парчамат бодо парафшон!

 

Бар асоси хабарҳои мабнӣ кишвари мо Тоҷикистон дуввумин давлати дунё дар масъалаи амнияти шаҳрвандон эътироф гардид. Аниқтараш пажуҳиши Маркази таҳлилии амрикоии Gallup дар миёни 142 давлати дунё назарсанҷӣ доир намуда, ба натиҷи ниҳоӣ расид, ки баъди давлати Сингапур кишвари мо дар сайёра аз назари амнияти шаҳрвандон хеле пешрафта ва аҳолӣ ҳангоми зиндагӣ ва кору фаъолият дар дилхоҳ лаҳзаҳо эҳсоси нороҳатӣ намекунанд. Ин нишондод баёнгари он аст, ки мардуми бумӣ ба фаъолияти сохторҳои зидахли давлатӣ, ки ба оромию осудагии мардум муваззафанд, эътимод доранд ва бо онҳо ҳамеша барои пойдории сулҳу субот ва оромиши ҷомеа ҳамкории мутақобила хоҳанд дошт.

   Воқеан, Тоҷикистон дар доираи талаботи риояи стандартҳои давлатдории байналхалқӣ тамоми меъёру санадҳое, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд, риоя мекунад ва дар як вақт барои таҳкими пояҳои давлатдории муосир дар доираи арзишҳои умумимиллӣ ҳамеша саъю талош хоҳад дошт. Мусаллам аст, ки тамоми ҷонбозиҳои фарзандони ин миллат, ки шаҳди талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро чашидаанд, танҳо ба хотири оромию осоиштагии кишвар ва рушди бемайлони Ватани азизамон аст. Чунин баҳогузории маркази таҳлилии амрикоӣ дар мавриди амнтарин кишвари дунё эътироф шудани Тоҷикистон мушти обдоре хоҳад буд ба сару рӯи баъзе аз доираҳои ҳангомаҷӯ ва бадгӯёни миллат, ки ба хотири молу сарват фақат дар фикри сафедро сиёҳ гуфтану бадном кардани давлату миллати мо афтодаанд.

   Ин рӯйдод пирӯзии ҳар як ҳамватани мост, ки сари давлатдорию давлатсозӣ андешаи солиму муваффақ дорад. Ва метавон ҳадс зад, ки Тоҷикистон тайи 28 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартабаи худро хеле мустаҳкам ва шинохти воқеии чеҳраи миллатро ба тамоми сокинони сайёра ба таври хеле чашмрас шиносонд. Собит шуд, тоҷик дар сайёра миллати саҳлу содда нест, миллатест, ки ба оламиён тамаддуну пешрафт додааст ва алорағми ҳама бадгӯию бадхӯӣ метавонад имрӯз ҳам дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии сайёраи Замин нақши хеле бориз дошта бошад.

   Биноан бо ибрози қаноатмандӣ ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон суханҳои таърихии Пешвои миллатро рӯи коғаз оварда мегӯем:-Тоҷкистон ба пеш! Ба пеш!

     Оре, фарзандони ватандӯсту ватансози ин марзу бум барои рушду пешрафти ин сарзамини биҳиштосо ҳамеша пайи кору пайкоранд ва то он вақте, ки қалб метапад барои пешрафту шинохти Тоҷикистон сазовор хизмат хоҳанд кард.

 

                                   Асақолов Алиҷон, сокини ноҳияи Шамсидин Шоҳин

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

May 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
27 28 29 30 1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин