Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Таҳлука аз хатари коронавирус дида ба инсон зараровар аст!

 

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳон аз хатари паҳншавии коронавирус (СOVID-19) дар таҳлука уфтодааст. Ҳол он ки афзоиши ин беморӣ дар сайёра дар пайи муборизаи дастаҷамъии сокинон ва сохторҳои зидахл рӯз аз рӯз тамоюли пастшавиро касб карда, ҳаёт ба маҷрои пештара бармегардад. Ҳатто манбаи асосии паҳншавии ин беморӣ дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин аз нест шудани ин беморӣ хабар дода, роҳҳои пешгирии ин вабои асрро дар риояи беҳдошти шахсӣ ва истифодаи роҳҳои самараноки пешгирӣ, бахусус маҳлулҳои зиддивирусӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ унвон менамоянд.

   Ахиран дар кишвари мо низ мавҷи паҳншавии ин беморӣ расман тасдиқ гардид ва ин ба маънои он нест, ки мардуми мо зери тарсу ҳарос ва таҳлука афтода, худро аз назари равонию ҷисмонӣ азият диҳанд. Мусаллам аст, ки барои пешгирӣ ва мубориза ба ин беморӣ дар сатҳи Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои зидахли давлатӣ корҳои омодагӣ қабл аз паҳншавии он роҳандозӣ гардида буданд ва имрӯз бо боварӣ гуфта метавон, ки Тоҷикистон аз рӯи имконият ва шароити ҷуғрофӣ дар муқобили паҳншавии ин беморӣ тамоми чораҳои имконпазирро роҳандозӣ ва татбиқ менамояд. Дар сурате, ки тамоми олами башарият аз ин беморӣ ранҷ мекашад мо гуфта наметавонистем, аз ин беморӣ кишвари мо амн хоҳад монд. Зеро тамоми давлатҳои ҳамсоя дар гирудори паҳншваии ин вируси марговар ранҷ мебурданд ва хоҳу нохоҳ ин вабо ба кишвари мо низ ворид мешуд.

   Бинобар ин, дар ҳоли ҳозир дар баробари пешбурди чорабиниҳои тарғиботӣ ва дастгирии сохторҳои соҳаи тандурустӣ аз ҳар як сокини мамлакат тақозо мегардад, ки дар мубориза ба муқобили ин вирус аз рӯи масъулият ва тавсияи мутахассисон кору амал намоянд. Зеро пеширии ин беморӣ кори дастаҷамъӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ яке аз усулҳои пешгирии паҳншавӣ ва солим нигоҳ доштани саломатии ҷомеа ва ҳар як аъзои хонаводаи мост.

   Метавон ёдрас шуд, ки мардуми мо аз ин дида рӯзҳои сахту сангинро пушти сар кард ва мубориза ба ин вабои аср низ аз сари масъулият ва иҷрои дастури мутахассисони соҳаи тандурустӣ кору амал менамоянд.

   Яке аз роҳи заҳролудшавии инсон бешак аз паст будани дараҷаи иммунитети инсон ва пай дар пай истифодаи воситаҳои алкоголию тамомкӯкашист, ки чунин инсонҳо бояд дар мадди аввал бо риояи қатъии беҳдошти шахсӣ аз ин одати бад даст кашанд. Зеро тибқи тавсияи мутахассисон паҳншваии ин вирус дар вуҷуди ин қабил инсонҳо аз дигар инсонҳои муқаррарӣ дида зиёдтару хавфноктар аст. Ҳамчунин истифодаи маҳсулоте, ки иммунитети инсонро баланд мебардорад, аз қабили меваю сабзавот ва зироатҳои лубиёгӣ барои пешгирии ин беморӣ ва хавфи заҳролудшавӣ хеле муфид аст.

   Тамйиз (дезинфексия)-и коргоҳу хонавода бо маҳлулҳои тавсияшудаи соҳаи тандурустӣ ва шустушӯи дастон бо собун ва маҳлулҳои махсусгардонидашуда яке роҳҳои афзалиятноки мубориза бо ин вирус аст, ки бояд мо ҳамагон риояи қатъии онро таъмин намоем.

   Дигар ҷойи тарсу ҳарос ва ба таҳлука таҳрик намудани мардум нест. Бояд дар муқобили ин беморӣ мо ҳамагон аз сари масъулият ва ҷаҳонбинии васеъю фарҳангу ҳуввияти миллӣ мубориза барем. Чунки таҷрибаи ҷаҳонӣ собит кардааст, ки мубориза ба муқобили ин беморӣ танҳо ва танҳо дар якдигарфаҳмию хамгироӣ ва риояи беҳдошти шахсию хонаводагист.

    

 

Дӯстов Аҳмадхон-вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, роҳбари Ситоди ноҳиявии мубориза бо коронавирус дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

December 2020
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин