Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Мо ба пешниҳоду тавсияҳои аҳли «паймони миллӣ» эҳтиёҷ надорем!

 

   Мусаллам аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро афзоиши бемории сироятии коронавирус такони ҷиддӣ дода истодааст ва дар ин масир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо назардошти вазъи мураккаби паҳншавии ин вабои аср тамоми тадбирҳои судмандро рӯи даст гирифта истодааст. Бахусус дар масъалаи таъсиси ситоди ҷумҳуриявии назорат ва пешгирии паҳншавии коронавирус, инчунин назорати гузаргоҳҳои марзи давлатӣ ва муваққатан қатъ намудани омаду рафти шаҳрвандони кишвар ва хориҷиён ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии муассисаҳои тандурустӣ барои фарогирӣ ва муҳлати назорати санитарии шаҳрвандон яке аз тадбирҳои саривақтиест, ки бобати пешгириии паҳншавии ин вируси марговар дар мамлакат амалӣ мегардад.

   Бо назардошти ҳама тадбирҳои роҳандозишуда то имрӯз дар кишвари мо ҳолатҳои гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва мо дуо мекунем, ки ягон нафар аз фарзандону бошандагони ин марзу бум мубталои ин беморӣ нашаванд.

Вале, мутаассифона то арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истифода аз шароити ҳассоси паҳншавии ин беморӣ гурӯҳҳои ҳавасманду манфиатҷӯ даст ба ҷанги иттилоотӣ заданд. Аниқтараш, гурӯҳе дар пояи исломи ифротӣ таҷлили Наврӯзи байналмилалиро макру бидъат эълон карданду ба он бо назардошти паҳншавии коронавирус дар сайёра ва ҷилавгирӣ аз ҷамъшавии анбӯҳи одамон пӯшиши сиёсӣ доданд. Баъдан диданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ мардуми кишвар назаргузории онҳоро қабул намекунад ва бо назардошти зиндагии осоишта баргузории Наврӯзи ниёгонро аз ҳама сиёсатбозиҳои онҳо боло дониста дар кишвар таҷлил намуданд, роҳи дигари муборизаи манфиатҷуёнаи худро коркард карданд.

   Дар пасманзари таҷлили Наврӯзи фархундапай роҳбари ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Муҳиддин Кабирӣ зери поҷомаи паймони миллӣ санаи 22 марти соли ҷорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таҳти унвони «Коронавирус, паёмадҳо ва чораҳои фаврӣ» сӯҳбати зиёда аз дусоатаро ба «маърази тамошо» гузошт ва дар ростои пешгирии паҳншавии коронавирус ба ном тавсияҳои муфидеро пешниҳод ва амалигардонии онҳоро дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «матраҳ» сохт. Аз тамошои суҳбати «оғо»-и Кабирӣ, ки худро ҳамеша «сиёсатмадор» ва «ҷузъи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон» муаррифӣ мекард ва гӯё шаҳрвандони зиёде ба эшон барои тавсиягирию пешгирии ин вабои аср «маслиҳат» мепурсанд, эҳсос кардан мумкин аст, ки мухолифини давлат паҳншавии ин бемориро тобиши сиёсӣ додани ҳастанд. Гарчанде Кабирӣ ҳангоми баромад ҳар лаҳза тобиши сиёсӣ додани масъаларо инкор мекард, вале тамошобини закӣ ва аз умқи сиёсат бохабар эҳсос мекунад, ки пушти ин баромад бо истифода аз афзоиши рӯзафзуни бемории коронавирус ғаразҳои нопоку мақсадноки аҳли паймони миллӣ истодааст. Аз шумораи 25 пешниҳоде, ки манзури тамошобинон гардонида шуданд ва мо мутмаинем, ки ҳама ҷанбаҳои мусбат ва манфии пешгирии ин беморӣ дар барнома ва дастури ситоди ҷумҳуриявӣ мавҷуд аст, ҳангома сохтану таҳлили вазъият хостгори дубора ба арсаи сиёсат баргаштани аҳли паймони миллиро бармало собит месозад. Ба ақидаи солим, аҳли паймони миллӣ андешае доранд, ки гӯё танҳо вазъиятро онҳо таҳлилу баррасӣ мекунанду халос. Дигар мансабдорону масъулини соҳаи тадурустию беҳдоштӣ ба ақидаи аҳли паймон дар масъалаи пешигирии ин беморӣ гӯё кам тадбирҳоро рӯи даст доранд.

   Як нуқтаи «чолиби пешниҳод»-и М.Кабирӣ ин озод намудани ҳама гуна маҳбусони сини аз 60-сола боло буд, ки ҳақиқати суҳбати онлайнии ӯро назди бинандаҳо бозгӯ кард. Яъне аксари тарафдорону ҳаводорони калидии ташкилоти ифротии ҳизби наҳзати ислом дар пасманзари ин пешниҳод бояд озод карда шаванд ва барои дастгирии сиёсати «оғо»-и Кабирӣ дар дохили кишвар «шароити арзанда»-е фароҳам оварда шавад, то битавонанд аҳли паймон барои амалигардонии ҳадафҳояшон заминаи муфиде пайдо кунанд. Мо агар ин пешниҳод холисона ва дур аз ғаразҳои сиёсӣ мебуд, қабул мекардем, вале афсӯс, ки пушти ин пешниҳод дигар мақсаду ҳадафҳои нопоки аҳли паймон меистанд, ки ба тақдири минбаъдаи давлат таъсири манфӣ хоҳад расонд.

   Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва муқобилият ба таниши афзоиши коронавирус тамоми тадбирҳои судмандро рӯи даст дорад ва сиёсӣ кардани масъалаи паҳншавии коронавирус чун дигар мақсаду ҳадафҳои нопоки аҳли паймони миллӣ ва ҳаводорони сарсахти ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом боқӣ мемонад.

   Дар ин росто, тамоми сокинони кишвари маҳбубамонро зарур аст, ки ба тавсияву пешниҳоди созмонҳои манфиатчӯи аз нуқтаи назари қонунгузорӣ фаъолияташон дар кишвар манъшуда дода нашаванд ва дар доираи тавсияи мутахассисони соҳа дар ҳамдастӣ бо мақомоти салоҳиятдорбобати пешгирии бемории коронавирус омодагии ҷиддӣ дошта бошанд.

 

 

                                             Меҳрдод-сиёсатшинос, сокини ноҳияи

                                                                                  Ш.Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин