Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

 

Таърихи инсоният борҳо исбот намудааст, ки дар ҳама давру замон дар кадом шакле набошад, бадхоҳону бадбинони миллат аз ҷумлаи ҳайвоноте ҳастанд, ки бо халқ чун даранда ҳамла мекунанд ва чун ҳайвон дар куҳву саҳро ҷон медиҳанд. Зеро ба ин тоифа одамон инсон арзиш надошта, танҳо манфиатҳои шахсии худро қонеъ месозанду халос. Ба мисоли саг ё дигар нимуди ҳайвонот. Масъалан агар саг ё кадоме аз намуди ҳайвонро ду рӯз нон дод ҳар рӯз дар паси дарат укос задан мегирад.

Мутаасифона ҳамин гуна инсонҳои ҳайвонсифат аз кишвари мо низ ҳастанд, ки пайваста аз пушти дари кадом хоҷаи худ ба хотири як бурида нон ба тарафи соҳиби худ, яъне ватану миллат укос мезананд. Азбаски имрӯзҳо инсоният дар замони пуртазод ва инкишофи илму техника қарор дораду шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ василаи аввалияи иттилоотии онҳо ба шумор меравад, аз ҳар гуна ҳодисаву воқеаҳои ҷаҳони муосир бохабаранд. Ва ба хуби дарк менамоянд, ки ки чӣ мақсад дорад ва чӣ мехоҳад.

Борҳо таърих собит сохтааст, ки миллати тоҷик мардуми бофарҳанг ва маърифатпарвар аст. Ва ҳеҷ гоҳ хостгори сар задании ягон ҳодисаву воқеаҳои нохушро надорад.

Аз чӣ бошад, ки баъзан хоинону каҷбинони миллат, ки бо мақсади ҳадафҳои нопоки худ тарки Ватан намудаанд, аз дур ба сӯи сарзамини худ, ки аз боду ҳавояш нафас кашидаву ба камол расидаанд, санги маломат мезананд.

Суханони бофтаю сохта ва подарҳавояшон ҳамаро ҳайронзада мегардонад. Охир инҳо боре ҳам андеша накардаанд, ки амале, ки солҳои навадуми асри гузашта содир намуданду ҷони садҳо шаҳрвандони бегуноҳи кишварро қурбон кард ва ҳамчунин хисороти моливу иқтисодии зиёд ба бор оварданд аз хотири ҳеҷ як шаҳрванди кишвар фаромӯш нашудааст, ва ҳамеша барои ин кирдорашон лаънат мешунаванд. Қариб ҳар рӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин афроди бадбину каҷрафтор чун Муҳиддин Кабирӣ, Кури Юнус, Шарофиддин Гадоев ва ҳаммаслаконашон аз ватану ватандорӣ сухан мекунанду мардумро ба худ ҷалб карданианд. Аҷибаш ин аст, ки то ба имрӯз ҳеҷ нест, ки шумораи тарафдоронашон аз ҳамон 10-15 нафари ҳаром ва шояд ягон ҷавони гумроҳ, ки чи кор карданашро намедонад, зиёд шуда бошад.

Бояд зикр намуд, ки имрӯзҳо мардуми саодатманди тоҷик шукургузори аз фазои сулуҳу суботи кишвар баҳри рушди минбаъадаи он якдилона заҳмат кашида истодаанду каҷбинони миллат чун Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш аз рашку бахелӣ чи кор карданашонро намедонанд. Зеро бо обод шудани ҳар як гӯшаи кишвар он зарбест ба мухолифин. Охир кадом ташкилоти террористӣ мақсадаш бунёдкориву ободкорист. Ин афрод доимо хостгори куштору нобасомониҳо буду ҳаст ва мемонад. Тааҷҷубовараш он аст, ки дар ин миёни палидон шояд афроди ноогоҳву нофаҳм ва роҳгум бисёр бошад ва зери дуруғу вадабозиҳои ин афроди палид ба ин ҳол гирифтор шудаанд. Аз ин рӯ, онҳоро мебояд ақли инсонии худро кор фармоянду роҳи ояндаи худро интихоб намоянд. Ҳамин аст, ки шоир гуфтааст:

 

Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чун гирдоб хурад…

                      

Фаридун Раҳмониён ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин