Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

КОРОНВИРУС ИДОРАШАВАНДА АСТ!

 

   Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳамсояи наздик будан бо Ҷумҳурии мардуми Чин бобати пешгирии паҳншавии коронвирус, ки имрӯзҳо тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба таҳлука андохтааст, гомҳои устувор гузошта истодааст. Дар ин росто омаду рафти шаҳрвандони дохилию хориҷӣ тибқи реҷаи махсус сурат гирифта, онҳо бо сипари намудани муҳлати карантинӣ дар ҷойҳои муайянгардида барои буд бош дар дохили кишвар иҷозат дода мешаванд.

   Таҳаввулоти рӯзҳои охир, ки мардумро озурдахотир намуду то ҷойе шояд ба сатҳи иқтисодии онҳо таъсири манфӣ расонид, ин безарурат харидорӣ намудани молу маҳсулоти рӯзгордорӣ буд, ки тамоми ҷоемаи моро сахт нигарон намуд. Дар ҳоле, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мусоидат ба шароити иқтисодию иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои мушаххасро рӯи кор дорад, доирае аз ҳамватанон зери таҳлукаи паҳншавии хатари коронвирус даст ба хариди маводи хуроквории зиёда аз талабот заданд, ки ин ҳолат дур аз ақлу фаросати инсонист. Ва ё шояд доирае ҳавасманд буданд, ки бо ин роҳ имкониятҳои иқтисодии кишварро санҷидан мехостанд, то бидонанд кишвар дар сурати рӯй додани ҳолати фавқулодда то кадом сатҳ омодаву дар муқобили ҳама хатарҳои рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад барои таъмини рӯзгордории аҳолӣ мусоидат кунад.

   Воқеан, вабои коронвирус барои тамоми давлатҳои дунё хатарзо ҳаст, зеро таъсир ба генофонди миллатҳо мерасонад. Вале чораҳои пешгирии ин бемориро ба таври ваҳму таҳлука тарғиб кардан аз рӯи инсофу адолат нест. То ҷойе, ки медонем, авҷи паҳншавии ин беморӣ дар миёни давлатҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба коҳиш ниҳодааст ва ҳатто давлати Фаронса тамоми мубталоёни ин бемориро пурра табобат намуда, аз табобат ёфтани онҳо изҳорот дод. Чун роҳи пешгирию табобат мавҷуд аст, асли воқеаро аз будаш зиёд нишон додан натиҷаи заифии иродаи баъзе аз мардуми мост. Дар ҳолате, ки имрӯз дар кишвар тамоми заминаҳои пешгирии ин беморӣ мавҷуд асту сохторҳои зидахл дар ин масир тадбирҳои лозимиро рӯи даст гирифтаанд, зарурати ба таҳлука афтондани мардум ин хиёнату гуноҳи азимест.

   Биноан аз тамоми мардуми шарифи кишвар эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба овозаҳои бардуруғ дода нашуда, ба зиндагию кору фаъолият озодона идома диҳад. Ҳамзамон ба хотири эҳтиёт ва пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ аз рӯи тавсияи мутахассисон, ки тавассути шабакаҳои телевизионӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод мегарданд, амал намоянд.

 

Т. Назарзода-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин