Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ба «АХБОР.сом». Маводи муғризона дар мавриди натиҷаҳои ниҳоии интихобот назари гурӯҳи кӯчаки мухолифин аст!

 

То эълони натоиҷи интихоботи доиргардида дар Тоҷикистон шабакаи иғвоангези «Ахбор.ком» бо далелҳои пойдарҳаво ва сарчашмаҳои ба ном муътамадаш доир ба шумораи овозҳои раъйдиҳандагон ва мандатҳои ҳизбӣ дар ҳавзаҳои ягона ва якмандатаи ҷумҳуриявӣ маводи сар то по буҳтону яктарафа аз таҳлилҳои воқеиро рӯи чоп овардааст. Ҳол он ки бояд ҳар як ахбор бар пояи ахбори расмӣ интишор ва расонаӣ шавад. «Ахбор.ком» зери роҳбарии «рӯзноманигор»-и асолатбохта Мирзо Салимпур, ки аз ӯ на хонаводааш баракат дидаасту на ҷомеа бо далелҳои пойдарҳаво ба ақидаи «занҳои лаби об» ва фолбинҳои дур аз шариати ислом «фол» дидааст, ки Ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон дар интихобот ба андозаи 29,5% оро гирифтааст, ки ин арқом хеле хандаовар аст. Воқеан Мирзо Салимпур дар ин шабу рӯз беташвиш буда наметавонад. Зеро номбурда узви гурӯҳи ба ном паймони миллӣ дар орзуи пирӯзии ин ҳизб буду ҳаст, вале чӣ кор кунем, ки ин ҷо арзагӯии зиёду сафедро сиёҳсозӣ ба кор намеояд. Аниқтараш ороро мардум медиҳад ва ақидаи аксари интихобкунандагон ба он гунае ҳаст, ки мақбули дили Мирзо Салимпур ва дигар аҳли паймон нахоҳад буд.

   Аслан сиёсат майдони ҳарбу зарби созанда ва истифодаи бомаҳорати аҳли ҷомеа ҳаст, ки дар ин росто ҳизбҳои сиёсӣ тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда салоҳияти бештареро доро мебошанд. Яъне мафкурасозии ҷомеа аз фаъолияти мураттаби шабакаи идеологии ҳизбҳои сиёсӣ сарчашма мегирад. Бунёди идеология ва таҳти як афкор сарчамъ намудани аҳли ҷомеа кори якрӯзаю яксола нест. Барои пурқувват намудани идеологияи сиёсӣ бешубҳа заҳмати зиёд ва андешаҳои дархурд ба ҳаёти сиёсию ҷамъятии сокинон нақши калидӣ дорад.

   Ба ақидаи банда аз он рӯзе, ки ба ном паймони миллӣ дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ бобати дастгирӣ аз ҳизби Сотсиал-демократи Тоҷикистон дар рӯзи баргузории интихобот хабар паҳн кард, аллакай тақдири ин ҳизби сиёсӣ ҳал шуд. Зеро ба ҳеҷ ваҷҳ қисми зиёди мардуми Тоҷикистон аз ақидаи сиёсии аҳли паймон розӣ набуданду нестанд ва изҳороти онҳо бар зарари Ҳизби Сотсиал-демократии Тоҷикистон чархид. Аз он рӯзе, ки изҳорот пахш шуд, ин ҳизби сиёсӣ мағлуб гардид. Яъне, фаъолияти номураттаби сиёсӣ, набудани нақшаи ояндабинӣ ва тарафкашию ақидасозии сиёсии мухолифони сарсахти давлати мо дар хориҷ аз мамлакат тақдири довталабии як ҳизби сиёсиро дар кишвар дар интихобот ба дори фано бурд. Гарчанде ки мухолифин ин нуқтаи назарро қабул надоранд, вале воқеият он аст, ки бояд онро гуфт.

Имрӯз ҷор задани садорату дастандаркорони шабакаҳои ифротии «Ахбор.ком»-у «Паём.нет» тақдири интихоботро, ки ба дасти мардуми Тоҷкистон роҳандозӣ шудаю мавқеи устувори сиёсии худро дар муқобили ҳизбҳои сиёсӣ муайян кардаанд, дигар маъно надорад. Ҳақиқат он аст, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъийпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи онро дар ҳузури мушоҳидони миллию хориҷӣ ва расонаҳои зиёди дохилию хориҷӣ ба таври воқеӣ эълон кард. Ва ин ҷо зарурати дуюмбора такрор кардани натиҷаи интихоботро мувофиқи мақсад намедонем, зеро барои ғолиб омадан мебояд заҳмат кашид. Андеша сохтан дар мафкураи ҷамъиятӣ дигар асту ормонҳои миллиро ба ҳақиқат табдил додан дигар!

   Имрӯз мардуми сарбаланди кишвари азизи мо медонад, ки кадом ҳизби сиёсӣ афсонаро ба ҳақиқат табдил дода истодаву кадом ҳизби сиёсии дигар талош барои сармояву қудрат дорад. Он орое, ки мардум ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон додаанд, бозгӯӣ боварию эътимоди мардум ба ин ҳизби меҳварист ва мардум хубро аз бад аллакай фарқ мекунад! Роҳи ҳанворро аз чоҳи чуқур назараш мегирад!

     Тавсияи мо ин аст, ки зури беҳуда дар муқобили орои мардум миён мешиканад ва ба туҳмату буҳтон наметавон ҳукумат ронд. Иродаи сиёсии мардуми Тоҷикистон дар муқобили ҳама чолишҳои гурӯҳию ақидавӣ, ки ба зарари мардум аст, тағийрнопазир ва раднашаванда хоҳад буд.

 

                                             Т.Назарзода-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи

                                                                       Ш.Шоҳин

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин