Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Интихобот иродаи олии сиёсии тамоми мардуми Тоҷикистон аст!

 

То анҷоми маъракаи таблиғотии номзадҳо барои иштирок дар интихобот ба ҳама зинаҳои вакилӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои башумор мондааст. Дар ин раванд тибқи пешниҳоди рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ ва бақайдгирии номзадҳо аз ҷониби комиссияҳои интихоботӣ дар тамоми мамлакат тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда корҳои муайяне ба анҷом расида, мулоқоту вохӯриҳои намояндагону номзадҳои ҳизбҳои сиёсӣ дар сатҳи лозимӣ ҷараён дорад.

   Вале, мутассифона гурӯҳҳои иртиҷоию аламдор аз сиёсати давлатӣ дар хориҷ аз мамлакат ҳамеша пайи роҳандозии тавтеа ва камтаъсир нишон додани чорабиниҳои таблиғотӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дар кишвар гардидаанд. Мисоли рӯшани ин гуфтаҳо мухолифи сарсахту бадгуҳари ташкилоти терористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин аст, ки аз бекорӣ ва таҳаввулоти охир дар кишвар ҳазор бор мемираду зинда мешавад ва бо афкори ботилу туҳмату буҳтони рӯирост кору фаъолияти аҳзоби сиёсиро дар Тоҷикистон нодида мегирад. Мусаллам аст, ки ин гурӯҳи роҳгумзадаю фурӯхташуда дар муборизаҳои сиёсӣ алам доранд, зеро ҳамчун ҳизби сиёсӣ ин тоифа ватанфрӯшон ҳуқуқи маънавии фаъолият дар кишварро аз даст додаанд. Вагарна дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври мушаххас аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ рафти баргузории маъракаҳои тарғиботӣ ба таври воқеӣ инъикос гардида истодааст. Танҳо инсони руҳану ҷисман кур наметавонад рафти баргузории чорабиниҳои доиргардидаро мавриди назар қарор диҳад.

   Гилаи Муҳаммадиқболи Садриддин шояд аз фаъолияти тарғиботии дастгоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад, ки содиқона дар ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойи гузоришу матлабҳои ин шахси манфурро танг сохтаанд. Воқеан, мардуми Тоҷикистон ба хубӣ дарк кардаанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди давлатсозию миллатсозӣ чӣ нақш дораду азхудрафтагони наҳзатӣ чӣ хизмате барои ин сарзамин анҷом додаанд. Офтобро бо домон пӯшида намешавад. Сиёсати мардумӣ ва давлатсозӣ дар пояҳои арзишҳои фарҳангию миллӣ ҳама вақт дастболост ва аз ҷониби омма дастгирӣ меёбад.

   Он таҳлиле, ки гӯё дар интихоботи соли 2015 ҳизби терорристии наҳзати ислом 60 дарсади орои мардумро ба даст оварда буд, ин ҳама дур аз воқеияту бепоя аст ва инро танҳо дастгоҳи идеологии наҳзатӣ медонаду халос! Агар сиёсати шумо воқеъбинонаю мардумӣ мешуд бешак омма аз пуштатон мерафт, вале чуноне ҳама медонанд гурӯҳи наҳзатӣ ҳамчун имрӯз аз хориҷа идора мешуд. Дастгоҳи идеологии наҳзатӣ ахборро ба таври мустақим аз дигар кишварҳои дар қолаби дӯст тавассути 10-15 нафари гулу гумроҳ дар Тоҷикистон амалӣ сохтан мехост. Имрӯз, ки иродаи сиёсии мардум болосту аҳли наҳзатро қабул надорад, аз дур тарафи ҳамватанони худ бо тамасхуру кинаву надомат садо баланд мекунед!

   Ҳама медонанд, ки тарафдорону ҳаводорони наҳзатӣ фақат як марому мақсад - баргаштан ба фазои сиёсии Тоҷикистонро доранд. Вале мусаллам аст, ки ин хоҳиши онҳо иҷронашуданист. Зеро ҳама бахшиданҳою ҳамкориҳо доираи идеологии наҳзатиро мадҳушу сарҳуш кард. Кор то ҷойе расид, ки худро шоҳу табъшон вазирро мемонад.

   Имрӯз мардум хубро аз бад ба хубӣ фарқ мекунанд. Медонанд, ки роҳи мақсуд кадом асту фитнаву нобуд кадом! Сиёҳро сафед гуфта намешавад «оқо»-и Муҳаммадиқбол!

   Чун ҳизби наҳзати ислом сиёсати духураю ифротӣ дошт, аз ҷониби мардум пазируфта нашуд! Ин гилагузории пойдарҳаво ва норозигӣ аз сиёсати имрӯзаи давлату миллат обрӯи рехтаи шумою ҳаводоронатонро дуюмбора баргардонида наметавонад!

   Шумою дастгоҳи идеологии наҳзатӣ мехоҳед, намехоҳед интихобот дар Тоҷикистон доир мегардад ва сокинони баору номуси Ватан дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ сарбаландона иштирок ва ба тарафдории ҳизбу номзади арзанда раъй хоҳанд дод. Зеро интихобот иродаи олии сиёсии тамоми мардуми Тоҷикистон аст ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба арзиши олӣ доштани қонунгузории амалкунанда, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад, эътимоду боварӣ доранд!

 

 

                                       Т. Назарзода- сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин