Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Омодагиҳо ба интихобот

 

Интихобот ифодаи  олии бевоситаи ҳокимияти халқ тавассути изҳори озодона ва ихтиёрии иродаи  интихобкунандагон буда, ба таври демократӣ ва озоду шаффоф баргузор намудани он яке аз вазифаҳои муҳими давлат мебошад.

                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

    Ба ҳамагон маълум аст, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми декабри соли 2019  интихоботи навбатии  вакилони Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ рўзи 1-уми марти соли 2020   таъйин  шудааст.   Дар ноҳия омодагиҳо ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои  вакилони халқи вилоят, ноҳия  ва ҷамоатхои деҳот  идома дорад. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд иштироки фаъолонаи шахрвандонро дар ташкили  ҳокимият кафолат дода, таъмин менамояд.  Дар ноҳия  мувофиқи муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, дигар санадҳои   меъёрии  ҳуқуқӣ, дастурамал, ёддошту раҳнамо ва қарорҳои Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ маъракаи интихоботӣ бо суръат  идома дорад. Ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ муқаррар, комиссияҳои   участкавии интихобот  ташкил карда шудаанд. Дар ноҳия бо якҷоягии ноҳияҳои Муъминобод ва Ховалинг барои интихоби вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳавзаи якмандатии №38, як ҳавзаи интихоботии вилоятӣ №,69, 30 ҳавзаи ноҳиявӣ  ва ҳавзаҳои ҷамоатӣ  пешниҳод  гардиданд. Дар ин ҳавзаҳо ҳизбҳои сиёсӣ номзадҳои худро пешниҳод намуданд. Ва номзадҳо пурра ба қайд гирифта шудаанд. Аз рўзи 10-ум феврал давраи дуюми омодагиҳо- вохўри номзадҳо бо интихобкунандагон шурўъ   гардид.

 Участкаҳои интихоботӣ рукни асосии ташкил ва гузаронидани интихобот ба ҳисоб мераванд.  Дар ҳудуди ноҳия 51 участкаи интихоботӣ ташкил карда шудааст. Ҳайати комиссияҳои участкавии интихобот таъйин гардида, қароргоҳҳо ва ҷои овоздиҳӣ муҷаҳҳазонида шудаанд.

  Суҳбате доштем дар бораи омодагиҳои участкаи интихоботии Навобод №2 бо раиси  участкаи  болозикр Амолоев Зафар. Фишурдаи суҳбатро манзури хонандагон менамоем.

   Участкаи интихоботӣ ,агар гўем, ки ба  интихобот тайёр аст, муҳобот намешавад. Ҳамаи чорабиниҳоро  дар ҳамбастигӣ бо дигар комиссияҳои хавзавию участкавӣ андешидем.  Рўйхати интихобкунандагон, рўйхати навбатдории аъзоёни комиссияҳои участкавӣ ва гўшаи  иттилоотӣ  дар ҷойҳои намоён овезон карда шудаанд. Ҳуҷраҳои овоздиҳӣ, хонаи модару кўдак, шароит барои маъюбон, нуқтаи тиббӣ, ҷои  мушоҳидаи  мушохидони миллӣ ва  байналмилалӣ  таъйин гардиданд.

 Корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғибу ташвиқ оид ба интихобот  бо суръат идома дорад. Аъзоёни  Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, намояндагони  сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ  барои аъзоёни комиссияҳои участкавӣ семинарҳои омўзишӣ доир намуда, маводҳои зарурии коргузорӣ, интихоботӣ, қоидаҳо, дастурамалҳо аз тарафи КМИР таъмин карда шуданд. Шароити корӣ барои ҳамаи аъзои участка  фароҳам гардонида шудааст. Омўзгорон  дар маҳаллот корҳои тарғибию ташвиқиро доир ба мафҳуми  интихобот ва иштироки шаҳвандон дар интихобот   ба роҳ мондаанд. Шаҳрвандонро барои иштироки фаъолона дар интихобот   даъват менамоянд. Таъкид менамоянд, ки интихобот  маъракаи муваққатӣ ва зудгузар набуда, балки  интихоби фардои ҳар як фарди ҷомеаст. Аз ҳамин лиҳоз ,биёед мавқеи худро дар интихобот муайян карда , ба тарафдории шахсиятҳои арзанда, ватандору ватанхоҳ овоз диҳем.

 Шаҳрвандон, аҳли ҷамоатчигӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аҳамияти ин чорабинии сиёсиро хубу возеҳ дарк кардаанд Ва интихоботро  воситаи такмили идоракунӣ дар ин марҳалаи ҳозира, омили тақдирсоз дар рушди давлатдорӣ арзёбӣ менамоянд.

Ҷ. Назрӣ-ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин