Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Нишони одамият дар ақлу заковат аст..!

 

     Сухангӯии гурӯҳҳои мухолифи давлат амали сангпушти сустҳаракатеро ба хотир меорад, ки бо вуҷуди хеле танбалу шаккок буданаш ба қонуниятҳои абулгардида ва низоми муайяни баргузории чорабиниҳо дар риояи низоми баробарии ҷамъиятӣ ба кулли бошандагони як ҳудуд эҳтиром намегузорад. Ин ҷо воқеияти баргузории як чорабинии варзишӣ бо супориши шоҳи табиат-Шерро ҳузури хонанда пешкаш намуда, ҳамзамон хулосабарории сифр ҳақиқиро хизмати онҳо вогузор мекунам:

   Бо супориши шоҳи табиат-Шер дар ҷангал чорабинии варзишии пойгаҳ баргузор мегардад ва пешниҳод мешавад, ки ҳар як ҷондори олами вуҳуш метавонад тибқи татиби пешниҳодшуда дар ин чорабинӣ ширкат варзад. Ҳар як бошандаи табиат ҳангоми шиносоӣ аз тартиби баргузории чорабинӣ имконияту истеъдоди сатҳии худро ба инобат гирифта, доир ба иштирок кардану накарданашон дар ин чорабинии варзишӣ мавқеи худро муайян менамоянд. Ва чун мебинанд, ки дар сархати иштирокдорон номзадии Кенгру, Паланг ва Гург сабт шудааст, аз иштирок худдорӣ менамоянд. Вале Сангпушт бо вуҷуди хеле сустҳаракат будан худро дар рӯйхати иштирокчиёни чорабинӣ сабт намуда, новобаста аз пофишорию фаҳмондадиҳии олами вуҳуш хоҳони рақобат дар ин сабқат мегардад.

   Ҳамин тавр баъди баррасии масъала чорабинӣ оғоз меёбад ва мусаллам аст, ки Кенгуру, Паланг ва Гург барандаи ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд ва чун Сангпушт ба маъра наздик мешавад, мебинад, ки дигар аз чорабинию мухлисон нишон намондааст. Яъне, ҳама аҳли вуҳуш бо иштироки шоҳи табиат- Шер чорабиниро ҷамъбаст намудаанду пайи кору рузгордории худ гардидаанд ва оғоз мешавад баҳсҳои бемавриду туҳмату буҳтон аз ҷониби Сангпушт сари баргузории чорабинии доиргардида.

   Амали гурӯҳҳои террористию экстремистии имрӯза марбут аст, ба кору фаъолияти Сангпушт, ки на худ эътиробу маҳорати расидан ба ҳадафро доранд ва на мехоҳанд, ки дигар инсонҳо дар роҳи хоста гардонидани ормонҳои миллии мардум кору амали созандаеро ба анҷом расонанд. Ҳама медонад, ки интихобот барои мағзшӯию фирефтасозии мардум пайти муносиб аст ва дар арафаи ин чорабинии муҳими сиёсӣ сомонаҳои иртиҷоии гурӯҳҳои мухолиф шабу рӯз дар фикри халалдор сохтани авзои сиёсию ҷамъиятии кишвари мо гардиданд.Бахусус сомонаи гурӯҳи 24 бо номи «Садои мардум» зери ровигии Беҳруз Холиқов ҳамеша дар фикри сиёҳ нишон додани фаъолияти давлату ҳукумат ва чеҳраҳои саршиноси миллат тамоми роҳҳои расидан ба ҳадафҳои палидонаашонро истифода менамоянд. Метавон ёдрас шуд, ки шахсе иқтисоди хонводагии худро то имрӯз дарк накардаву волидони худро дар нимароҳи зиндагӣ ҳайрон гузоштааст, оё ҳуқуқи таҳлили иқтисодиёти як давлатро дорад!? Албатта ба назари ақли солим не!

   Дар ислом роиҷ аст, ки дуои волидайнро гирифтан барои фарзандон дар зиндагӣ роҳи бахту иқбол, файзу баракат ва манбаи ҳамаи муваффақиятҳост. Ё мегӯянд, ки падару модар ризо-Худо ризо! Аз шахсе, ки дуои падару модарро нагирифта, дар пиронсолӣ онҳоро хору залил кардааст, дигар чӣ рисолати одамгарӣ мемонаду чӣ сиёсатмадорӣ!

   Бинобар ин метавон ҳадс зад, ки кибру ғурур, тангназарию пастфитратӣ ҳеҷ гоҳ инсони комилро ба қуллаҳои мурод нарасондаасту намерасонад ва насли навро мебояд, ки сари ин масъала андешаи солиму ақидаи пешрафта дошта бошанд. Зеро бо ақидаи шахшулу пур аз ифрот дигар ҷомеа сохта намешавад ва танҳо иқдомҳои созандаю воқеъбинона инсонро ба фатҳу зафар комёб мегардонад.

Имрӯз мухолифони сарсахти давлат иддао пеш меоранд, ки намояндагони давлат барои ҷилавгирӣ аз ҳар гуна таҳазуррот солҳои 90-уми асри гузаштаро пеши назар меоранд. Вале, онҳо як чизро нодида мегиранд, ки даргириҳои солҳои 90-и асри гузашта барои миллат ин таърих аст ва дар таърихи мардуми Тоикистон ба таври бебозгашт сабт шудааст. Таърих хоҳу нохоҳ варақгардон мешавад ва мо намехоҳем, ки рӯзҳои сиёҳи мардум дубора сари миллат бо ҳама хорию зиллат баргардад. Гарчанде ки барои мухолифин таърих аҳамият надорад, вале барои кулли мардуми Тоҷикистон, ки шаҳди ғарибию нобасомониҳоро бо айби падарони маънавии мухолифини сарсахту ифотӣ чашиданд ҳеҷ гоҳ аз хотирҳо фаромӯш намешавад. Ва барои ҷилавигирӣ аз таҳазурроту танишҳои динию мазҳабӣ, ки то имрӯз мухолифон саргарм ва дар фикри даргирии дохилианд, тамоми ҷавонони сарсупурдаи ин марзу бум бобати ҳимоят аз сохти конститутсионию давлатдорӣ ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Биноан, бори дигар ёдрас мешавем, ки фикри ботилу кӯҳнашудаи наҳзатӣ ва дигар тарафдорони ин ҷараёни сарсахти ифротӣ ба доираи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштанаш як хобу хаёли амалинашаванда аст ва моро мебояд, ки бо роҳи пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи арзишҳои фарҳангию миллӣ бобати мустаҳкам кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ, суботи сиёсӣ ва амалишавии ормонҳои миллӣ аз як гиребон сар барорем. Зеро имрӯзу ояндаи ҷомеа ва сохтмони як давлати сифр миллӣ аз ақлу заковати созанда ва ҷаҳонибинии дурандешонаи ҳар яки мо вобаста аст. Дар ин масир ба тамоми сокинони мамлакати азизамон саломатию сарбаландӣ, садоқату нуқтасанҷӣ ва донишҳои баланди сиёсию ҷаҳонбинии замонавӣ таманно менамоям!        

 

  

                 Т.Назарзода-сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин