Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҳар як таҳаввулот дар кишвар хоби мухолифинро дар хориҷа мепаронад

 

Мусаллам аст, ки ҳар як ҳизби сиёсӣ мақсаду ҳадафаш ба арсаи қудрат омадан аст ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтан аз барномаву раванди фаъолияти он ба нафъи мардуму давлат хеле вобастагии калон дорад. Барномаву амали қонунии ҳизб ҳамон вақт аз ҷониби аҳли ҷомеа қабул мегардад, ки ба дили мардум наздик бошад. Пушти фаъолияти ҳизби сиёсӣ бояд ҳангомаю бозиҳои пасипардагии духура ва манфиати гурӯҳию шахсӣ набошад, ба он маъное, ки имрӯз тарафдорони ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзати ислом бо пӯшиши ҷомаи фарсӯдаи гурӯҳи 24, ба ном паймони миллӣ ва якчанд ташкилоти кисагие, ки мақсаду ҳадафашон танҳо пиёда сохтани ормонҳои дар хок нуҳуфтаашон гаштааст, хостгори таъсир расонидан ба раванди таҳаввулот дар кишвар гардидаанд.

   Бисёре аз доираи гурӯҳҳои манфиатдор аз баргузории Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ояндаи давлату кишвар марому мақсади бунёдкорани ин ҳизби меҳварист, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангома сохта, мехоҳанд мавқеи худро дар муқобили имрӯза сиёсати ҳизбию давлатӣ дар кишвар ба қавле «устувор» гардонанд. Бахусус дар «таҳлил»-и баргузории анҷумани ҳизб шабакаи иҷтимоии гурӯҳи 24 тайи якчанд рӯзи охир маводҳои иѓвоангезу сар то по туҳмату бӯҳтонро «расонаӣ» карда, аз пашша фил сохтан мехоҳад. Муддаии барномаи «Садои мардум» Салмон Холиқов ончунон худро «сиёсатмадори мадоро» муаррифӣ кардан мехоҳад, ки бинанда гумон мекунад, ки бори масъулияти бунёди як ҷомеаи мутамаддин танҳо дар зиммаи уву ҳамтоёнаш аст. Бо суҳбатҳои сохтаву бофта гоҳе дар эфир навор мегузорад, гоҳе бо доираи ҳаводоронаш суҳбатҳои телефонӣ анҷом медиҳад ва аз чунин шакл гирифтани арзагӯии ровии барнома дар зеҳн фақат ѓайбату бӯҳтон ва худсафедкунию бадгӯӣ нисбати ҳамватанону дигар шахсиятҳои сиёсии кишвар мечархаду халос.

   Аз суҳбатороии хабарнигори радиои «Озодӣ», ки касе дар рӯёрӯи экран доир ба баргузории анҷуман бо ӯ сухан накард, хеле хушаш омадааст. Аниқтараш дурӣ ҷустани вакилони анҷуман аз суҳбатороӣ бо хабарнигори радиои «Озодӣ» ҳангома сохта, боре ҳам фикр намекунад, ки мардум, бахусус вакилон ба фаъолияти расонаҳои ба ном мустақил он қадар эътимод надоранд. Медонанд, ки ҳарчанд суҳбат кунанд ҳам, суҳбатҳои доиргардидаро ба завқи дили мухолифин тобиш хоҳанд дод. Ин ҷо савол ба миён меояд, ки чаро ба маънии аслии масъала мухолифин диққат намедиҳанд. Яъне мардум ба фаъолияти шаффофи расонаҳои мустақил, ки аз хориҷа маблаѓгузорӣ ва назорат мешаванд, он қадар бовар надоранд ва воқеан ҳамин тавр ҳам ҳаст.

   Барои мо сару садоҳои мухолифин, ки кайҳо худу Ватани бобоиро фаромӯш сохтаанд, муҳим нест. Муҳим он аст, ки Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи баланд доир гардид ва бо иштирок ва ҷонибдории якдилонаи вакилон масъалаҳои дар рӯзномаи анҷуман пешбинигардида ҳаллу фасли худро ёфтанд.  

   Метавон бо боварӣ ироа дошт, ки сиёсати давлатию ҳизбӣ ҳамон гунае, ки буд дар муқобили терроризму экстремизм идома меёбад ва барномаи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар оянда низ ба самтҳои афзалиятноки пешрафти хоҷагии халқи мамлакат роҳандозӣ ва амалӣ мегарданд.

   Бинобар ин, месазад, ки ба таҳаввулоти сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар аз назари ақли солим ва манфиати миллату давлат амал кард, гарчанде ки мухолифин дар хориҷ аз мамлакат ҳамеша пайи неш задан ба ҳар як амалу фаъолияти мо дар ҳама самтҳои фаъолияти давлатию давлатдорӣ гардидаанд.

 

                                                               Ошимов Абдураҳим- фаъоли ҳизбӣ,

                                                                сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин