Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марзи ору номуси мост!

 

Дар баробари дигар арзишҳои давлатӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили суботу амният ва якпорчагии давлати соҳибистиқлоли мо дорои мақому манзалат ва маҳбубияти хоси кулли ҷавонони худогоҳу худшинос аст. Воқеан, мавҷудияти артиш барои пойдории сулҳу суботи комил ва пешгирии ҳар як амали иғвогарона аз ҷониби гурӯҳҳои бадхоҳу тангназар дар ҳар давру замон хеле нақши ҳалкунанда дорад. Имрӯз артиши ҷавони Тоҷикистон новобаста аз он ки дар заминаи сифру холӣ ва бе ҳеҷ мерос аз даврони собиқ Шӯравӣ арзи ҳастӣ намуд, дар даврони нобасомониҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамаҷониба бо дастгирии бевоситаи Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаккул ёфта, сипари боэътимоди Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.

   Дар баробари пурзур гардидани заминаҳои моддию техникии артиш баъзе аз ҳаводиси охир истифодаи афзалтари ин неруи қудратиро ба миён меорад, ки мо ҳамагон аз фаъолияти бомароми ҳар як хизматчии ҳарбӣ ба хубӣ огоҳем ва меҳнату шабзинадориҳои онҳоро ба хотири сулҳу амнияти давлату ҳамватанон ҳамаҷониба ситоиш хоҳем кард.

   Тадбирандешӣ дар мавриди пешгирии рахнашавии хати марз аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯи афғон ва нофаҳмию нобасомонӣ дар марзи давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ва ҷонбозию ҷоннисории фарзандони баномуси кишвар, ки имрӯз масъулияти ҳифозати марзи давлатиро ба уҳда доранд, исботи он аст, ки марзи давлатӣ барои ҳар яки мо марзи ору номус ва минбари садоқату корнамоӣ гардидааст.

   Маҳз хизматҳои шоёни сарбозону афсарони неруҳои қудратии кишвар буд, ки пеши роҳи нобасомониҳои бузург дар сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Қирғизистон гирифта шуда, ин минтақаи доғи рӯз таҳти назорати реҷаи пурзури сарҳадбонон қарор гирифтааст.

Метавон ёдрас шуд, ки шароит имрӯз аз ҳамаи хурду бузурги мамлакат тақозо менамояд, ки дар ҳифозати марзи давлатӣ бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намуда, дар як вақт сарҳадбон бошем. Зеро зуҳурроти ифротгароию терроризм дар тамоми дунё ва вазъи ҳассоси ҳамсоякишвари мо-Давлати Исломии Афғонистон ва ноустувории ҳокимияти сиёсӣ дар ин давлат тамоми мардуми кишвар, бахусус ҷавонони баору номуси Ватанро ҳушдор месозад, ки дар ҳифзу таҳкими сарҳади давлатӣ дар баробари сарҳадбонони ҷасури Ватан дар як саф бошем.

   Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон як маротиба шаҳди талхи ҷанги бародаркуши дохилиро, ки бадбахтона хоинони миллату давлат сари мо бор карданд, чашидаанд ва бозгашт ба асри сангину сар фаровардан назди се-чор тӯдаи гулу гумроҳ оини ҷавонмардӣ нест. Мо ба иродаи матини ҷавонони ватандӯсту худогоҳи кишвар бовар дорем ва бо боварӣ метавон гуфт, ки сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон марзи ору номуси мост!

                                                 А. Асақолов, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

 

  

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин