Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Хотирот аз як соли таърихӣ

 

Дар саҳифаи таърих ҳар як рӯз ва сол дарҷ мегардаду аз умри инсонӣ бошад кам шудан мегирад. Агар таърихро варақагардон кунем ҳар як рӯзе мегузарад, дар ҳаёти инсонӣ ҳодисаю хотираҳои фаромӯшнашаванда боқӣ мемонад. Соле сипарӣ шуд, барои ман хело ҳам соли бобарор ва пур аз ҳаводиси таърих буд.

Бо пешниҳоду дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Дар ин замина мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нақша-чорабиниҳои ноҳиявӣ таҳия намуда, баҳри рушду нумӯи деҳот ба ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, ҷамоатҳои деҳот фиристода шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки тибқи қарори дахлдори раиси ноҳия бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ба осонӣ ба миллати тоҷик ба даст наомадааст, як қатор корҳои судманд ба иҷро расонида шуданд.

Имрӯз дар ноҳия бахшида ба ин санаи таърихӣ сохтмони 188 иншоот ба нақша гирифта шуда, 41 иншоот сохта ба истифода дода шуд. Барои мо хизматчиёни давлатӣ бинои хуштарҳу замонавии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба истифода дода шуд. Қасри фарҳанг, майдони варзишӣ дар маркази ноҳия барои 6000 ҷои нишаст ба нақша гирифта шуда, рӯзҳои наздик биноҳои мазкур мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд. Шоҳроҳи аҳамияти байналмилалӣ доштаи қитъаи Шӯрообод-Шоҳон, ки дер боз мардум интизори роҳҳои тахту ҳамвор ва ба талаботҳои байналмилалиро орзу доштанд, мавриди амал қаор гирифт. Ин ҳама ғамхорию таваҷҷуҳи махсуси Роҳбари давлат ба ноҳияҳои дурдаст мебошад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат мо мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зич муттаҳид мешавем. Кору фаъолият менамоем.

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин