Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Дари боз як боргоҳи маърифат боз шуд

 

Соле, сипарӣ шуду ба бойгонии таърих абадан шомил гардид, соли хотирмону соли амалишавии орзую армон буд. Дар ҳама сатҳо корҳои ободонию созандагӣ бо маром идома ёфт. Ман дур рафтанӣ нестам. Як ба маркази ноҳия ва деҳоти атрофии он нигаристан кофист, ки ба хулоса биоӣ. Иморатҳои аз замони шуравӣ монда, ки ягон тарҳу намои замонавӣ   надоштанд, бардошта шуданд. Дар андак муддат қомат афрохтанду   ба симои шаҳраки Шӯрообод нишони диданӣ ворид намуданд. Роҳи байни Шамсиддин Шоҳин- Кӯлоб роҳе буд, ки кӯҳони шутурро мемонд. Имрӯз таҷдид гардида истодааст. Симои шаҳрак билкул тағйир хӯрд. Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, қасри фарҳанг, майдони варзишии футболи хурд, майдони варзишии пӯшида атрофаш гулпуш мавриди истифода қарор дода шудаанд. Кор дар майдони варзишии ноҳия бо ғунҷоиши 6, 5 ҳазор тамошобин ва дигар иморатҳои маъмурию варзишӣ ва истиқоматӣ бо маром идома   дорад. Аз ҳама барои мо хурсандиовараш он аст, ки дар соли 2019 ба дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус   бо дастгирии вазири   ин мақомот Тайзода Сумангул Саид ва талошҳои пайваситаи раиси ноҳия Зарифзода Почохон Ҳабибулло дар ноҳия филиали литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб кушода шуд. Барои касбомӯзон кушодашавии литсей ба иди ҳақиқӣ табдил ёфт. Имрӯз дар литсей гурӯҳҳои «Дӯзандагӣ», «Электромонтиёр,», «Орупарварӣ» ва назоратчии барқ бо ҷалби зиёда аз 120 нафар хонанда амал    намуда истодааст. Айни муддаост, ки ба таваҷҷуҳи иштиёқмандон бирасонам, ки аз соли 2020 дар литсей курсҳои ронандагӣ аз рӯи категорияи «С» ба муҳлати 45 рӯз бо пардохти   320 сомонӣ ва аз рӯи категорияи «БС» ба муҳлати се моҳ бо пардохти   320 сомонӣ ба роҳ монда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҷавонон соҳиби шуғл гарданд.

Аз ҳамин лиҳоз соли сипаришуда соли пурфайзу баракат ва дастрасӣ ба муваффақиятҳои нав гардид.

Аз фурсати муносиб истифода карда ҳамаи ҳамватанонро ба соли нави мелодӣ табрику шодбош гуфта, баҳрашон тамоми пешравӣ, комёбӣ ва амалишавии нияту орзуҳои некашонро таманно дорам. Дари филиали литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Кӯлоб дар ноҳия Шамсиддин Шоҳин барои донишандӯзон ҳамеша   боз аст. Марҳамат, ба литсейи касбомӯзӣ!

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2020 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин