Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Изхороти сокинони нохияи Шамсиддин Шохин

 

                                                    Изхороти

сокинони нохияи Шамсиддин Шохин дар мавриди ходисаи ночавонмардонаи бадхохони миллату давлат, ки боиси марги инсонхо ва ба халалдор гардонидани оромию осудагии мардуми Точикистон нигаронида шудааст.

 

   Тамоми сокинони мехнатдусти нохияи Шамсиддин Шохин амали ночавонмардонаи бадхохони миллат ва давлати Точикистонро, ки бар асоси хабархои мабни боиси марги инсонхо, бахусус хизматчии харбии Кушунхои сархади ва корманди макомоти корхои дохили гардидааст, сахт махкум намуда, дар ин масир амалиёти безарарсозии ин гурухи худкомаро аз чониби сохторхои марбутаи давлати хамачониба дастгири менамояд. Вокеан, дар рузи чашни тачлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Чумхурии Точикистон тархрези намудани чунин амали чинояткорона ва даст ба корхои гайришаръи задани гуруххои бадхоху бадтинат бори дигар собит месозад, ки аз сулху вахдат ва суботи комили сиёси ин гурухи манкуртшуда хавасманд нестанд ва ба хар роху восита мехоханд, ки хаёти осоиштаи мардуми моро халалдор созанд. Шояд ин гурухи худкома фикр мекард, ки дар рузхои чашн сохторхои марбутаи давлати, ки таъмини амнияту субот чузъи фаъолияти харрузаи онхост, дар гафлатанду метавонанд ба максадхои гаразноки худ озодона расанд, вале хакикат чизи дигар аст, ки онхо натавонистанд сархади давлатиро рахна ва хаёти осоиштаи моро халадор созанд. Имруз сохторхои зидахли мамлакат хамаги пушти ичрои масъулияти хизматию давлатианд ва мо мутмаинем ягон хоину асолатбохта дигар ба хаёти осоиштаи сокинони кишвар таъсири манфи расонида наметавонанд.

   Ходисоти дар сархад рӯйдода бори дигар моро муваззаф месозад, ки дар масъалаи таъмини амну субот ва пешгирии хатархои муосири аср, ба монанди терроризму экстремизм аз худ матонату мардонаги нишон дода, хеч гох хушёрию зиракии сиёсиро, ки махаки асосии давлатсозии чадид аст, аз даст надихем ва хамеша барои оромишу амнияи сартосарии кишвар дар канори сохторхои марбутаи давлати ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху вахдати милли-Пешвои миллат, Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомалӣ Рахмон бошем.

   Дар ин росто, мардуми мехнаткарини нохияи Шамсиддин Шохин аъмоли хиёнаткоронаи ин гурухи иртичоиро, ки максаду хадафашон ноором сохтани вазъи сиёсии Точикистон аст, хамачониба махкум менамоем ва барои хамгирои ва суботи комили сиёси дар кишвар амалиёти рохандозишудаи сохторхои кудратии мамлакатро дар мавриди безарар сохтану дастгир намудани ин гурухи асолатбохта хамачониба дастгири менамоем. Ва, дар як вакт ба оилахое, ки дар ин задухурди мусаллахона бо ин гурухи ошубгар наздикону фарзандони худро дар хифзи Ватани азиз ва оромию осоиштагии имрузу фардои мо аз даст додаанд аз даргохи Худованд сабри чамил ва чаннатулфирдавсро таманно месозем.

 

Назарзода Т-Раиси КИ ХХДТ дар н.Ш.Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин