Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Андеша:

 

Ахиран сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон алорағми бадгӯии ҳама бадхоҳони миллат ба кишварҳои аврупоӣ оғоз ёфт. Агар дар гузашта гурӯҳҳои асолатбохтаи зери чатри паймони ғайримиллӣ пинҳоншуда ҳадс мезаданд, ки мавқуф шудани сафарҳои давлатии Роҳбарияти олии сиёсии мамлакат ба Аврупо ба шинохти чеҳраи сиёсии опозитсияи тоҷик дар кишварҳои аврупоӣ тавъам аст, баъди оғози сафари кории Пешвои миллат тарбуз аз бағали ин хоинон афтид. Шабу рӯз гурӯҳҳои бадхоҳу ғайримиллӣ дар саҳифаҳои иҷтимоии таъсисдодаашон аз ташкили «ҳамоиши осоишта» дар рӯзҳои баргузории сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ ҳадс мезананд.

   Умуман оғози сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ бозгӯи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати пешгирифтаи Роҳбарияти олии сиёсии мамлакатро ин кишварҳо дуруст дарк кардаанд ва мухолифони давлату ҳукумати феълиро ҳамчун лухтак истифода мебаранд ва дар ҳолати лозимӣ ҳамчун пайтобаи бӯйноку чиркин ба ахлоттӯда мепартоянд.

   Аслан ба ном паймони миллӣ ягон идеяи созанда ва бунёдкор надорад ва мақсаду ҳадафаш маълум, ки ба ҷузъ сафедро сиёҳ гуфтану сиёҳро сафед сохтан чизи дигаре беш нест. Вобаста ба вазъият ҳар бор аз худ қаҳрамон метарошанду чун дидан кор ба таъби дилашон сурат нагирифт ҳамчун мори печон барои аз вазъият худро баровардан роҳи тавтеаву фиреб ва ғаразу туҳматро пеш мегиранд.

   Агар аз нуқтаи назари ақли солим баҳогузорӣ кунем, ҳукуматҳои давлатҳои аврупоӣ куҷову ақидасозию ҷанги фикрии «аҳли пикет» куҷо! Умдатан ҳама давлатҳо ба худ мухолиф доштанду доранд ва ақидаи сиёсии гурӯҳаке дар дохилу хориҷ хеҷ гоҳ маънои онро надорад, ки сиёсати як давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мақому мартаба надошта бошад! Даъват ва боздиди кории Пешвои миллат ба Аврупо бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон ҳамчун шарики боэътимоду афзалиятнок барои давлатҳои Иттиҳоди Аврупо мақому манзалат дорад ва алорағми ҳама будгӯию бадкории мухолифин кишвари мо дар ҳама самтҳо пеш меравад.

   Новобаста аз ҳарзагӯии мухолифин кишвари мо аз сафари Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ умедвориҳои зиёд дорад ва мо аминем, ки ҳамкориҳои фарҳангию сиёсӣ дар сатҳи аз ин дида фаррохтару пешрафтатар ҷараёни тоза гирифта, Тоҷикистон ҳамчун давлати дар ҳоли рушду сулҳпарвар бо роҳбари хирадмандаш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хостаҳои шаҳрвандонашро дар сатҳи лозимӣ амалӣ месозад.

 

                                Малоҳат Қурбонова, сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

      

 

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин