Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Ҷавонмардо ҷавонмардӣ биёмӯз…

 

   Рисолати ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан-Модар ин хизмати софдилонаву содиқона баҳри гулгулшукуфию ободонӣ ва обутоб ёфтан дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи он аст. Имрӯзҳо дар сар то сари кишвари мо маъракаи даъвати наваскарон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома ёфта, ҷавонони синни даъватӣ ба хизмати Модар-Ватан сафарбар мегарданд. Маврид ба зикр аст, ки дар даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар сафи аввалинҳо шуда нақшаи даъватро сарбаландона иҷро намуд. Ин рӯйдод бори дигар собит месозад, ки ҷавонони ин минтақаи Тоҷикистони маҳбуб сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро амиқан дарк намуда, дар ҳифозати кишвар ва таҳкими соҳибистиқлолии он саҳми назаррас доранд.

   Новобаста аз ҷараён ёфтани маъракаи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ ҳолатҳои саркашии ҷавонон аз ин рисолати давлатсозӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан дар баъзе аз шаҳру навоҳии кишвар ба чашм мерасад, ки чунин тарзи муносибат хоси ҷавонмардон нест. Ва, ин тарзи муносибат зарурати тадбирандешии мушаххасро аз ҷониби сохторҳои зидахл ба миён меорад.

   Дар баробари ин, баъзе аз расонаҳои мустақили иттилоотӣ бемавқею сарсарӣ ба ҷойи мусоидат кардан дар раванди давати ҷавонон ба сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои муғризонаю мухолифатандозиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаҳои шахсӣ мунташир месозанд, ки боиси норозигӣ ва нофаҳмӣ дар ҷомеа мегардад. Маълум аст, ки дар ҳолати саркашӣ аз хизмат ба Ватан ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ҷавонон аз ҷониби сохторҳои лозимӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Вале ҳастанд афроде, ки ҳамаи инро нодида гирифта, дар ҷомеа фитна эҷод месозанд. Зиндагӣ майдони муборизаҳост ва инсон ҳам дар заминаи ду нерӯ-неку бад офарида шудааст.

   Касе, ки дидаву дониста аз хизмат ба Модар-Ватан саркашӣ мекунад, аминам, ки дар оила тарбияи хуб нагирифта, раванди ватансозию давлатсозӣ барои ин афрод бетафовут аст. Дар ин росто, гурӯҳҳои худкома ва дур аз рисолати одаму одамгарӣ худ ҳавасманданд, ки ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ аз хориҷ таъсири манфӣ расонанд ва чун кор ба табъи дилашон амалӣ шуд, онҳо бешак, ки ҳавасманду болитахотир мегарданд.

   Имрӯз дар сохторҳои низомии кишвар шароити буду боши мувофиқ таъмин аст ва хизмат ба Ватан дар чунин шароит барои омӯзиши мактаби одаму одамгарии насли ҷавон мусоидат мекунад. Ҳамчунин ҷалби ҷавонон ба хизмати аскарӣ дар бисёр маврид ба раванди таҳаммулпазирӣ дар зиндагии инсон таъсири мусбӣ расонида, ҷавонмардон ҳамаҷониба обу тоб меёбанд. Шояд яке аз омилҳои дар зиндагии мустақилона муваффақ нагардидани баъзе аз ҷавонони мо ин нагузаштан аз хизмати аскарӣ бошад!

   Тавре Пешвои миллат дар ҳама суханрониҳояшон таъкид медоранд, кишвари моро ба ҷузъ фарзандони сарсупурдаи ин миллату давлат ягон кас аз хориҷ омада обод кардаву намесозад. Дар ҳеҷ ҷойи дунё моро интизор нестанд. Ҳар амале, ки анҷом медиҳем, бояд манфиатҳои давлат, миллат ва ватани азизамон-Тоҷикистон дар мадди аввал бошад.

   Ба ҳамин хотир Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии сулҳу ваҳдат ба ҷавонони ватандӯсту ғаюр ниёз дорад ва ҳифозати кишвар қарзи шаҳрвандии ҳар як ҷавони худшиносу худогост.

   Ҳақ ба ҷониби шоир аст, ки фармудааст:

 

                 Ҷавонмардо ҷавонмардӣ биёмӯз.

                 Зи мардони ҷаҳон мардӣ биёмӯз.

 

 

                 Асақолов Алиҷон-сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин