Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо муқаддас аст!

 

Ҳар як давлат дар баробари забону фарҳанг доштанаш барои ҳимояи марзбу буми худ сарҳад ва артиш дорад. Кишвари мо низ баъди заволи Ҳукумати Шуравӣ дар заминаи холӣ ба бунёди Артиши Миллӣ машғул шуд. Новобаста аз шароити ҳассоси солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Артиши Миллии Тоҷикистон бо таҷрибаи ҷангии дар солҳои нооромӣ андӯхтааш рӯз аз рӯз тавонманду муқтадир мегардад. Барои Артиши Миллиро тавонманду муқтадир кардану таъминот бо воситаҳои ҳозиразамони техникӣ саҳми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хеле боризу бузур аст.

   Дар баробари тавонманду пуриқтидор шудани Артиши Миллӣ баъзе аз чолишҳои сарҳадӣ, ки ба амнияту давлату миллат хатарзоанд, зарурати истифодаи нерӯро ба миён мегузорад. Мардуми Тоҷикистон ҳамеша аз ҳамсояи ҷанубии худ-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо назардошти ноором будани вазъи сиёсӣ дар ин мамлакат, эҳсоси нороҳатӣ мекарданду мекунанд. Ва, воқеан дар ин масир бо назардошти афзалият пайдо кардани гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шароит тақозо мекунад, ки ҳеҷ гоҳ ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва дар канори сохторҳои қудратӣ дар ҳифзи марзу буми Ватан омодаи набард бошем.

   Ҳақиқат чизи дигар аст, ки мехоҳам ин ҷо фикри худро нигошта кунам. Мо як умр аз кишвари ғамзадаи Афғонистон дар ташвишу тааҷҷуб, аммо доираҳои манфиатҷӯи кишвари дӯсту бародар Қирғизистон дар фикри зиёд кардану ғасб кардани сарзаминҳои таърихию бобоии мо шудаанд. Ба ибораи мардуми кӯҳистон аз соҳибфазилатию инсондӯстӣ мо бо дастони худ морро дар бағал парваридем. Имрӯз, ҳатто васоити ахбори Ҷумҳурии Қирғизистон масъалаи баҳси сарҳадиро яктарафа банду баст карда, бо давои беасос на ин ки Ворӯх, балки ба ноҳияҳои қирғизнишини Лашту Мурғоб чашм ало карданд. Хестед, ки хобед!

     Фикр мекунам, дар Қирғизистон дар қолаби демократияи ғарбӣ рӯз аз рӯз ташкилоту гурӯҳҳое шакл гирифта истодаанд, ки дар ояндаи наздик ҳукумати феълии ин давлат дар муқобили онҳо шояд истодагарӣ карда натавонад. Ва танишҳои марзӣ низ ба ҳамин хотир аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатҷӯи қирғиз таҳрезӣ ва роҳандозӣ мегардад, ки Ҳукумати Қирғизистонро дар ростои ҳама носозгориҳо заиф нишон диҳанд. Вале ин ба он маъно нест, ки мардуми кишвари мо ҳама бедодгариҳои сарҳадиро таҳаммул карда ба садои гурӯҳҳои манфиатҷӯи қирғиз «лабайк» гӯянд. Агар вазъи сиёсӣ бо роҳи осоишта ҳаллу фасли худро наёбад, кишвари мо низ ҳаққу ҳуқуқи ҳифозати худро дорад ва барои ҳар як ваҷаб замини Ватан мо ҳамагон омодаем.

   Ба қавли Фирдавсии Тӯсӣ:

   Ҳама тан ба тан сар ба куштан диҳем.

   Аз он беҳ ки кишвар ба душман диҳем.

                               Ошимов Абдураҳим- сокини ноҳияи Ш.Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин