Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов - дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони таъсиргузори олам (The Muslim 500) шомил шуд.

Феҳристи навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон тартиб додааст.

Муаллифони раддабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Ба панҷогонаи беҳтарин Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Рамазон Қодиров, муфтии Узбакистон Усмон Алимов ҳам шомиланд.

Инчунин ба қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Самӣ Юсуф муяссар шуд, ки ба ин рӯйхат шомил шаванд.

Тибқи ин пажуҳиш, нуфузу эътибори https://sputnik-tj.com/infographics/20170711/1022791974/ruzi-imomat.html" data-bx-clean-attribute="title">Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиён, дар ҷаҳон афзоиш ёфта, дар феҳрасти ҷадид дар мақоми 36-ум қарор гирифтааст. Қаблан Оқохони IV дар мақоми 40-ум қарор дошт.

Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Дар ин рӯйхат яке аз олимони пешсафи ислом дар замони мо, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст.

Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То имрӯз ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои мухталиф доир ба ислом корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки раддабандии The Muslim 500 тайи нуҳ сол боз ҳамасола аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.


Read more: https://sputnik-tj.com/world/20191003/1029970161/Rahmon-Oqokhon-IV-va-Nurmuhammadov-TheMuslim500-2019.html

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

October 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
30 1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31 1 2 3

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин