Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Роғун калиди бахту иқбол ва сарбаландии мардуми Тоҷикистон аст!

 

   Барои кулли давлатҳои сайёра дар баробари истиқлолияти сиёсию иқтисодӣ   истиқлолияти энергетикӣ низ хеле муҳиму таъсиргузор буда, бобати ҳамаҷониба рушд ёфтани пояҳои давлатдорӣ ва пешрафта шудани иқтисоду саноати давлатҳои ҷаҳон мусоидат менамояд. Тоҷикистон низ ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳамаҷониба рушд ёфтани инфрасохтори саноату иқтисодиёт ва истиқлолияти комили энергетикиро ба даст овардан дар давраи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷода қадамҳои устувор гузошт.

   Воқеан, баъди соҳибистиқлол гардидани кишвари мо дар баробари дигар мушкилоти сиёсию иқтисодӣ норасоии неруи барқ дар ҳама самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба рушду пешрафти давлат ва таъмини зиндагии созгори мардум таъсири манфӣ мерасонид. Он пайвандҳои тақсимоти неруи барқ, ки аз замони Шӯравӣ ба мерос монда буданд, куллан аз кор монданд. Кишварҳои транзитии неруи барқ бо сабабҳои сиёсию канда шудани занҷираҳои иқтисодӣ миёни давлатҳои пасошӯравӣ монеаҳои сунъӣ эҷод мекарданд. Тоҷикистон низ аз ин бархурдҳои сиёсию иқтисодӣ орӣ набуд. Дар маҳалҳои дурдаст сокинон дар фасли сармо ҳатто моҳҳо бе барқ буданд. Оид ба фаъолияти корхонаҳои азими саноатӣ, ки мебоист дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми назаррас мегузоштанд, дигар ҷойи гап ҳам набуд.

     Ба замми ҳамаи ин мушкилоти сиёсии давлат ва дар ҳолати баъди ҷангӣ қарор доштани ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, набудани манбаъҳои молиявӣ барои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон санҷиши таърихиро дар пай мегузошт.

     Новобаста аз вазъи сангини сиёсӣ Роҳбарияти олии сиёсии кишвар ягона роҳи аз бунбаст раҳонидани кишварро дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун медиданд. Мутаассифона шароити ҳассос ва номукаммалии буҷаи давлатӣ тақозо мекард, ки ширкатҳои хориҷӣ ба оғози кор дар ин иншооти бузурги аср ҷалб карда шаванд. Ҳарчанд корҳои омӯзишию тадқиқотӣ дар ин самт аз ҷониби институтҳои дахлдори соҳавии сатҳи ҷаҳонӣ анҷом мепазируфт, бо сабабҳои маълум кишварҳои ба ном дӯсти мо садди сунъӣ мегузоштанд. Ҳатто ширкатҳои бузурги сохтмонии иншоотҳои гидроэнергетикӣ аз сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар пасманзари бозиҳои сиёсии давлатҳои ҳавасманд даст кашиданд.

   Вале ҳама ин нобасомониҳою тангназариҳо иродаи мардум ва роҳбарияти раъиятпарвари онро шикаста натавонист. Миллӣ эълон шудани сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар дили хурду бузург шуълаи умедро ба фардои дурахшони миллату давлати Тоҷикистон барафрухт. Бо азму иродаи қавӣ дар ин иншоот ҳар сол тавассути маблағгузорию саҳмгузорӣ корҳои сохтмонӣ бо ҷушу хуруш пеш рафтанд.

   Дар баробари таҷрибаи сулҳофарӣ маҳорату санъати сохтмони иншооти гидроэнергетикии миллӣ-Неругоҳи барқи обии Роғун шуҳрату шони тоҷикро дар ҷаҳон ба маротиб боло бурд. Тибқи таҳлилҳо баъди пошхурии давлати Шӯравӣ дар ягон давлати пасошӯравӣ сохтмони чунин иншооти бузург ба нақша гирифтаву роҳандозӣ нашудааст.

   Ба истифода додани чархаи аввали тавлиди неруи барқ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 2018 камбудию зарфияти норасоии барқро дар кишвар комилан аз байн бурд. Дар баробари ин, банақшагирию сохтмони иншооти интиқоли неруи барқ ба тамоми кишвар ва берун аз он дар мисоли КАСА-1000 ба рушди иқтисод ва бунёди корхонаҳои саноатӣ асос гузошта, Тоҷикистонро дар оянда дар тамоми дунё ба ҳайси кишвари содиркунандаи неруи арзону аз назари экологӣ тоза муаррифӣ сохт.

   Ба ақидаи мардум афсонаю бофтаи тахаюлот, ки касе умеди сохтмони онро дар ягон гӯшаи дунё надошту ҳангома мезад, ки Тоҷикистон қудрати сохтмони онро дар танҳои надорад, имрӯз ба ҳақиқати воқеӣ табдил ёфт. Бори дигар ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳсос кард, ки тоҷику тоҷикистонӣ ҳамчун халқи тамаддунофар дар пайравӣ ба донишу фурутании гузаштагонаш метавонад аз роҳи номусу нанг дар ҳаёти сиёсию ҷамъиятии тамоми сокинони сайёра таъсиргузор бошад.

   Ба истифода додани чархаи дуввуми Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат метавон ҳамчун дастоварди нодиру таърихӣ унвон кард. Зеро кишвар дар роҳи расидан ба истиқлолияти воқеии иқтисодию энергетикӣ як қадами устувори дигар гузошт. Воқеан исбот шуд, ки тоҷик халқи ҷаҳонсоз аст ва ҳар ҷо ки рафт он ҷо ба ҷузъ ободӣ кору амали ғайрро пиёда намесозад.

   Имрӯз дар васфи Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва сохтмончиёни он шеъру достонҳо эҷод мешавад. Мактаби мардонагии фарзандони баруманди кишвар, ки дар амалисозии ин ормони миллӣ ҷаҳду талош доштанду доранд, барои насли наврас мактаби бузурги омӯзишу дониш аст.

   Ду ҷашн сазовори як халқ-Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифода додани чархаи дуввуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» муборакамон бошад ҳамдиёрони азиз! Оре, мо метавонем, балки тавонистем!

   Зиндаю поянда бод сулҳу дӯстӣ, истиқлолияти давлатию энергетикӣ ҳамчун калиди бахту иқболи тамоми мардуми Тоҷикистон!

                

Назарзода Толибҷон-раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

September 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин