Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Бадахшон порае аз тани мост

 

     Аз ҳодисот ва воқеоти як сол муқаддам дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1 сол сипарӣ мегардад. Ҳаёти хушу хуррам ва пешрафту тараққиёти имрӯзаи вилоятро пеши назар оварда вазъияти 1 сол пеши он аз хотиру андеша чун фиттаи симо мегузарад. Вазъ ноором, мардум дар таҳлука, авбошию роҳзанӣ рӯз аз рӯз авҷ дошт. Гурӯҳҳои муташаккилу ҷиноятпеша бо ҳар роҳу восита мардуми вилоят ва шаҳри Хоруғро гумроҳ намуда, онҳоро бо шӯру қиём меоварданд. Аз вазъият истифода бурда барои ба мақсадҳои нопоки хеш ҳарчи наздик шудан мехостанд. Қонунвайронкунӣ, бетартибӣ ва издиҳомҳои ғайриқонуниро ба вуҷуд оварда, ҳаёти осудаву ороми мардумро халалдор менамуданд. Худсарию худкомагӣ то ба ҳадде авҷ гирифта буд, ки ба кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ итоат накарда, ба ҳар тариқе, ки мехостанд нақлиётҳои худро идора менамуданд. Дар вилоят боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ ба мушоҳида мерасид.

       Бо дарназардошти вазъияти ба амал омада Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафари корӣ анҷом дода , дар мулоқот бо сокинони вилоят аз вазъи ба амал омада ва омилҳои асосии бавуҷудоварандаи он муфассал ибрози андеша намуд. Аз ҷумла иброз дошт, ки ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди вилоят сохтмон ва таъмиру навсозии 90 иншоот аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашуда, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷӣ дар ҳаҷми зиёда аз 2 милиард сомонӣ пешбини шудааст. Президенти ҷумҳурӣ аз рушди соҳаҳои иқтисодиёт ва ҳифзи ичтимоии аҳолии ВМКБ дар 5 соли охир ёдовар шуда зикр карданд, ки танҳо дар солҳои 2013-2018 аз ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ барои тарақиёти вилоят беш аз 4 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Умуман дар 27 соли даврони истиқлолият дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1700 иншоотҳои тайиноти гуногун сохта ба истифода дода шудааст.

       Бо вуҷуди ин ҳама ғамхорию дастгириҳои ҳамешагии давлату ҳукумат нафарони алоҳида ё гурӯҳҳои алоҳидаи иғвоангезу дасисабоз ба хотири манфиатҳои ғаразхоҳонаи худ меҳоҳанд вазъи вилоятро ноором ва мардумро гумроҳ созанд. Бехабар аз он, ки мардуми сарбаланду меҳнатқарини Бадахшон ба иғвоангезиву дасисабозии онҳо дигар бовар надоранд ва ҳеҷ гоҳ онҳоро дастгирӣ нахоҳанд кард.

       Сарвари давлат бо далелҳои қотеъ омилу сабабҳои боло рафтани сатҳи ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир нигаҳдорӣ ва хариду фурӯши ғайриқонунии силоҳи оташфишон ва саркашӣ аз хизмати ҳатмии ҳарбиро таҳлил карда дод. Ба масъулин баҳри ба эътидол овардани вазъияти ноороми вилоят супоришҳои мушаххас ва қатъӣ дод. Талаб карда шуд, ки супоришҳо дар давоми як моҳ пурра таъмин карда шуда, барои амнияти сокинон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

     Чуноне ҳамагон шоҳидем имрӯз вазъият дар қаламрави Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон орому осуда буда, мардум дар фазои комилан осоишта зиндагӣ ва кору фаъолият доранд. Воқеъаҳои як соли пеш бавуҷудомада моро водор месозад, ки ҳеҷ гоҳ ба суханҳои фирефтаю бебунёди ҳар гуна гурӯҳҳои ҷиноятпешаю манфиатхоҳ ва ифротию иғвоангез бовар насозем, балки зиракию ҳушёрии сиёсӣ худро аз даст надиҳем. То тавонем дар канори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам қавитар ҷо гирифта, баҳри сулҳу суботи ҷовидона, ваҳдату якпорчагии миллату давлат, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти кишвар пайваста дар талош бошем. Тоҷикистони азизу маҳбубро ба як кишвари ободу озод, пешрафтаву тараққикарда ва аз ҳама ҷиҳат ба як давлати ободу рушдёфта табдил диҳем. Нагузорем то нохалафе ва ё гурӯхе бо ғаразҳои нопоки худ моро фиребанд ва ҳаёти осудаву ободи моро ноором созанд.

    

 

          Назриев Л

раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи

кормандони соҳаи маориф

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Қурби асъор

 USD9.4253
 EUR10.6845 
 RUB0.1419 

 

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

September 2019
Mo Tu We Th Fr Sa Su
26 27 28 29 30 31 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 1 2 3 4 5 6

Мавзеъҳои таърихии ноҳия

Мавзеъҳои таърихии ноҳия


© 2019 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин