Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

НИГОҲ ДОШТАНИ СУЛҲУ СУБОТ, ТИНҶИВУ ОРОМӢ ВАЗИФАИ ҶОНИИ ҲАР ШАХСИ ВАТАНДӮСТ АСТ.

 

Тавре хонандаи азиз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаю маҷалаҳои даврӣ огоҳии комил доред рӯзи 22.07.2019 дар марзи Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳодисаи фоҷиабор дар натиҷаи амалҳои навбатии иғвогаронаи истиқоматкунандагони деҳаи Окойи ноҳияи Бодкон, ки мехостан монеаи корҳои ободонию пешрафти Тоҷикистони сулҳпарвар ҷиҳати насб намудани парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симчуби ҳудуди Ҷамоати деҳоти Ворух гарданд. Ва ҳам таъти ҳимояи мақомоти қудратиашон дар ҳудуди қаламрави Тоҷикистон навиштаҷоти “Оксой”, аломати ҳаракат дар роҳ (на зиёда аз 40 км/соат)-ро устувор ва парчами кишварашонро насб карданд рух дод. Муноқишаи лафзӣ ба сангпартоӣ ва ахиран истифодаи силоҳи оташфишон аз ҷониби ҳамсоягони моҷароҷӯи деҳаи Оксой ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Ворух мубаддал гашт.

         Бахил шахс ё гуруҳест, ки пешрафт ва тараққии шахсият ва ҳатто як давлатро дида наметавонад. Бахил ҳамеша дар пайи эҷоди тафрика аст, некиро дида наметавонад, бадгӯи мекунад, мардумро мешуронад, мекушад, ки зарари худро расонад. Аз ин рӯ мо бояд фаромӯш накунем, ки давлату ҳукумат, бахусус Пешвои миллати тоҷик  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона кардаанд, ки мардуми шарифи тоҷик дар фазои тинҷиву оромӣ зиндагонӣ кунанд. Президенти муҳтарами мо кафили сулҳу субот, оромиву амният мебошанд.

         Маҳз дар остонаи вохӯрии сатҳи олии сарони ду кишвари ҳамсоя дар шаҳри Исфара рух додани ҳодисаи мазкур шаҳодат медиҳад, ки баъзе аз доираи манфиатҷӯи қирғиз сулҳу субот ва тинҷиву оромиро дар хати марз намехоҳанд ва ба иғвогарӣ даст мезананд. Оё шумо медонед, ки меҳри ӯро дар дил парварем, дар ободониаш саҳмгузор бошем, дар ҳифзу ҳимояташ устувор бошем.

         Дар ҳифзу ҳимояи Ватан ҳар шахс бояд ҳисси баланди ватандӯстӣ дошта бошад, масъулиятшинос бошад. Мо бояд дарк кунем, ки нигоҳ доштани сулҳу субот , тинҷиву оромӣ вазифаи ҷонии ҳар шахси ватандӯст аст. Аз ин рӯ, мо бояд ваҳдату ягонагиро интихоб намуда, аз низову тафриқа дурӣ ҷӯем. Бетарафиро як су гузошта, ҳушёриву зиракиро пурзур намоем.

         Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат-Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷону дил қабул намуда, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукуматро амалӣ намоем, ҳатман муваффақ хоҳем шуд.

 

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  МАЙРАМБӢ   Қодирова 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин