Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ: БАҲСИ НАЗАРИЯВӢ ВА СИЁСИИ ОН

 

                                                     Якӣ ҷӯю, Ҷомӣ, дуҷӯӣ макун,

                           Ба майдони ваҳдат дугӯӣ макун.

А. Ҷомӣ

Дар ҷомеаи кунунӣ дар сатҳҳои мухталиф доир ба муҳимияти масъалаи Ваҳдати миллӣ андешаронӣ сурат мегирад, ки баҳогузории мухталифро доир ба падидаи Ваҳдати миллӣ ба миён овардааст. Баҳогузории дуруст нисбати Ваҳдати миллӣ аз ҷониби он афроде дуруст аст, ки зарари ҷанги шаҳрвандиро бевосита диданд ва қадри ваҳдатро баъд аз ҷанг эҳсос карданд. Шакли дигари муносибат ба масъалаи ваҳдат, ки асли масъаларо пай набурдаанд қобили қабул нест. Дар таърихи башарӣ ҷомеаҳои мухталиф баъди моҷароҳо ва ҷангҳо ба худ омаданд ва арзиши субот ва ваҳдати ҷомеаро дарк намуданд ва баъди он тамоми имкониятҳоро ба кор бурданд, то чунин ҳолати мусоиди рушд аз даст наравад. Чунин ҳолатро ба ҳар василае талош менамоянд ҳифз намоянд. Дигар роҳи ҳали масъалаҳои мухталифро дар амалкарди ғайриосоишта ва усулҳои зуроварона надида, яқин инро дарк намуданд, ки ҷанг ва моҷаро роҳи ҳалли масъала шуда наметавонад. Афкори ҷамъиятӣ ташаккул ёфта, ба сатҳи мутамаддин расида, ба дарки он расидааст, ки дар ҳеҷ ҳолат ҷанг ва бархурдҳо роҳи ҳалли мушкилиҳо шуда наметавонад ва ҳалли масъалаҳоро дар фазои хориҷ аз ташаннуҷ бояд дида баромад.

Ҳолати ваҳдати ҷомеа ин падидаи тағйирёбанда ба шумор рафта, он мутлақ нест, яъне ки замоне ба ваҳдати ҷамъиятӣ ноил мегарданд, маънии онро надорад, ки он ба таври ҳамеша боқӣ мемонад. Ваҳдати миллӣ ҳамеша муносибати махсусро талаб менамояд ва ҳукумат ҳамчун барандаи асосии муносибатҳо бояд инро эҳсос намояд. Ваҳдати миллӣ ҳамеша ба инкишоф ва такмил ниёз дорад ва тавассути роҳҳо ва равишҳо, ки аз ҷониби ҳокимияти давлатӣ андешида мешаванд он ба амал бароварда шавад. Аз ҷиҳати дигар ваҳдат ва субот манфиатҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешаванд, ки нобудии ин падида аҳамияти дигар падидаҳоро ночиз мегардонад.

Дар ҷомеаҳои мутамаддин имконияти бартарафнамоии моҷараҳо вуҷуд дорад. Дар кишварҳои пешрафтаи олам ва махсусан кишварҳои Аврупои Ғарбӣ пешгирии моҷароҳо ва бархурдҳо барои таҳким ва устувории ваҳдати ҷомеа вуҷуд дорад. Муносибати мутақобилаи ҳукумат ва ҷомеа ҳамчун субъектони ваҳдати миллӣ дар зарфи солҳои дарозе инро таҷриба намуданд, ки ихтилофҳои миёни ҳукумат ва ҷомеа бояд бо роҳҳои осоишта ҳал гардида, ваҳдати ҷомеа ҳамчун арзиши муҳим мавриди пуштибонӣ қарор гирад. Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи моҷароҳои локалӣ, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва моҷароҳои дохилидавлатӣ дар натиҷаи харобшавии ваҳдати миллӣ ба вуҷуд омаданд. Воқеан, замоне ҳусни тафоҳум миёни ҳукумат ва ҷомеа, консенсуси сиёсӣ миёни неруҳои сиёсӣ вуҷуд надорад, ҳар қувваи сиёсӣ бо равиши яктарафаи худ талош менамояд масъалаҳоро ҳал намояд, табиист бархурд ва муқовимат зимни ихтилофи назарҳо ва манфиатҳо ба вуҷуд меояд. Замоне миёни ҳукумат ва ҷомеа рахнаи бузург пайдо мешавад, эътимод ба ҳукумат аз ҷониби омма ба буҳрон дучор мегардад, машруияти ҳокимият зери суол меравад, ҳокимият ба омма такя намекунад дар ваҳдати миллӣ халал ворид шуда, ягонагии миллӣ осебпазир мегардад. Дар чунин ҳолат бавуҷудоии моҷарои миёни ҳукумат ва неруҳои оппозитсионии мардумӣ ногузир мегардад.

Замоне ваҳдати ҷомеа халалдор мегардад, самаранокии ҳокимият коҳиш меёбад, ҷомеа бо ҳукумат ба муколама омода наметавонад, ризоияти халқӣ воқеият пайдо намекунад, аллакай заминаи моҷарои сиёсӣ пайдо гардидааст. Вақте ки рахна дар монолити ҷомеа пайдо мешавад, неруҳои аҷнабии сиёсӣ ин вазъиятро ба нафъи худ истифода менамояд. Рахна пайдо шудан дар монолити ҷомеа аввал боиси ихтилофҳо гардида, минбаъд дар парокандашавии ҷомеа мусоидат менамояд. Парокандашавии ҷомеа бо зарари ҷомеа аст, вале бо манфиати давлатҳои манфиатдор созгор мебошад. Моҷарои миёни ҳукумат ва ҷомеаро таҳрик бахшида, онро ба моҷарои мусаллаҳона табдил медиҳанд. Ба сифати субъектони моҷарои дохилидавлатӣ дар бисёри ҳолат ҳукумат ва оппозитсия баромад карда, онҳоро тарафи сеюм дар симои давлатҳои алоҳида ба манфиати худ истифода бурда, оқибати манфии моҷаро бевосита ба худи субъектони асосии моҷаро- ҳукумат ва оппозитсия бармегардад. Онҳо миёни ҳам меҷанганд ва инро дарк накарданд, ки ҷангҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надорад.

Моҷарои сиёсии мусаллаҳонаи дохилидавлатӣ дар Тоҷикистон, ки бевосита пайомади халалдоршавии ваҳдати миллӣ ва консенсуси сиёсӣ мебошад дар маърифати падидаи ваҳдати миллӣ мусоидат менамояд. Ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бо рахнашавӣ ва порашавии монолити сиёсӣ ва ягонагии миллӣ ба вуҷуд омада, бо консенсус ва компромисси сиёсӣ, ки заминаи ваҳдати миллӣ буд ба фарҷом расид. Халалдоршавии яклухтии миллӣ ё монолити миллӣ дар Тоҷикистон зимни афзалият пайдо кардани манфиатҳои этноҳудудӣ-(маҳаллӣ) ба вуҷуд омад. Поракунии давлати унитарии Тоҷикистон ин адами ваҳдати миллӣ буда, оқибатҳои мудҳиш барои миллат ба бор овард. Ҷанги шаҳрвандӣ дар фазо ва вақте муайяне буд хотира ва таърих шуд, аммо сабақ гирифтан аз он ва дигар роҳ надодан ба чунин иштибоҳ, ки Ваҳдати миллиро зери таҳдид гузошт, ҳамин қадар бардоште аст, аз ҷанги дохилидавлатӣ гирифта мешавад. Бояд ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо барои ҳадафҳои маърифатӣ, омӯзиш ва пажӯҳиш карда шуда, балки ҳамчун намунаи ибрат барои аҳли ҷомеа бошад.

Дар замони муосир ин андеша асоснок шудааст, ки ҳамаи ҷангҳои дохилидавлатӣ маҳсули ба садама дучор шудани ваҳдати миллӣ мебошанд. Инро ҳам медонанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ танҳо ба зарари ҷомеа аст. Вале ҳоло ҳам дар минтақаҳои алоҳидаи олам ҷангҳои шаҳрвандӣ рафта истодаанд. Ҳукумати давлатҳоро зарур меояд, то имкониятҳои максималиро истифода намоянд, то заминаҳои аққалии омилҳои моҷароангезро аз миён бубаранд. Вале дар баъзе давлатҳои олам ҳукуматҳо натавонистанд, вазифаи сиёсати давлатии худро анҷом диҳанд. Ҷанги дохилӣ дар кишварҳои ба мисли Украина, Сурия, Афғонистон шаҳодати гуфтаҳои болост.

Дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳим, ки дар ҳукумати давлатҳо мавриди баррасӣ қарор мегирад, ин дарёфти василаи муттаҳиднамоии одамон мебошад. Ҳамчуноне, ки маълум аст, муттаҳиднамоии ҷомеа ин вазифаи сиёсат аст, вале он бояд бо кадом шакл татбиқ шавад хеле муҳим маҳсуб мешавад. Баъд аз фанои низоми идеологӣ дар солҳои навадуми асри ХХ ва бавуҷудоии падидаи идеологикунонӣ нақши идеологияро бо як тарз дар муносибатҳои ҷамъиятӣ танг намуданд. Вале муттаҳиднамоии одамон бо роҳҳои дигари идеявӣ сурат мегирад, вале онро идеология наменоманд. Бавуҷуд овардани падидаи воҳимаи хатарҳо дар хориҷ аз кишвар ва тарсонидани омма баҳри сарҷамънамоии онҳо дар шароити муосир серистеъмол маҳсуб мешавад. Он ҳам дар як шакл идея аст, вале онро эътироф наменамоянд. Давлатҳои дигар бо таълимотҳои мухталиф талош менамоянд, якпорчагӣ ва ягонагии миллиро тақвият бахшида бошанд.

Ҷомеаи дунявии муосир арзишнокии арзишҳоро бо моҳияти материалии онҳо андозагирӣ менамояд, вале бояд арзиши арзишҳои ғоявиро эътироф намояд. Ҷомеа ҳамеша ба идея ниёз дошт ва дорад. Ҷойи арзишҳои идеявиро бо арзишҳои моддӣ пур карда намешавад. Аз ин ҷо, мақсад ҳам ин аст, ки ваҳдати миллиро бо модда сохта намешавад, он падидаи ғоявӣ буда, бо таълимот пайвастагӣ дорад. Ба ин хотир, ваҳдати миллӣ бо падидаи ғояи миллӣ сахт алоқаманд буда, аввалин дар заминаи дуввумин ба вуҷуд меояд.

Ваҳдат категорияи моддӣ-материалӣ набуда, моҳияти субъективӣ дорад. Мушкилии бавуҷудоварии ваҳдат, ҳифзи ваҳдат ва таҳкиму такмили он маҳз дар субъективӣ будани он зоҳир мешавад. Дар ин ҷо бо шуури одамон сару кор гирифта мешавад. Аз ин рӯ, ваҳдат бояд дар шуури одамон ташаккул дода шавад. Яъне бавуҷуд овардани таълимоти ягона ва ҷой кардани он дар шуури мардум иқдоми аввал дар роҳи ваҳдатсозист. Замоне одамон доир ба як объект андешаи фардӣ доранд ва маҷмӯи андешаҳои инфиродӣ дар шаклгирии андешаи умумӣ мусоидат менамояд, ҷомеа дар ҳоли ваҳдат қарор дорад. Вале ин наметавонад доимӣ бошад, зеро ҷаҳони иттилоот ҳамеша чизи наверо ба саҳна ворид менамояд. Дастгоҳҳои идеологӣ бояд ҳамеша дар ҳифзи ваҳдат бошанд ва онро бо дарназардошти вақту фазо инкишоф диҳанд. Ваҳдати миллӣ ин рӯҳияи таълимотии одамон буда, ҳамеша аз таъсири таълимоти дигар осеб мебинад. Ҳама гуна ваҳдати миллии давлатҳо, ки ба буҳрон дучор шуданд, агар дуруст таҳқиқ намоем аз омили иттилоотӣ ба садама дучор гардидаанд. Ба ин хотир муҳимияти амнияти иттилоотӣ дар шароити муосир баҳри ҳифзи ваҳдати миллист. Аз он хотире, ки ваҳдати миллӣ падидаи зинда аст ва дар замини афкори ҷамъиятӣ сохта мешавад, ба он таъсиррасониҳои равонӣ, таблиғотӣ, ташвиқотӣ сурат мегирад. Эътиқоди қавии миллат ба таълимоти ягона ва андешаи умумӣ, агар вуҷуд дошат бошад, он метавонад бо тамоми таъсиррасониҳо муқовимат намояд ва мустаҳқам боқӣ монад.

Масъалаи муҳимтарин дар бахши ваҳдатшиносӣ ваҳдатсозӣ мебошад. Ягон соҳаи ҳаётӣ масъалаи муҳайё кардани шароити ризоияти умумиро бар уҳда намегирад. Ба ин хотир ҳама масъулиятҳои ваҳдатсозӣ бар души сиёсат меафтад. Воқеан, ваҳдатсозӣ амалкарди сиёсат аст. Сиёсат на танҳо ваҳдатсозӣ менамояд, балки хилофи онро низ карда метавонад. Ин албатта аз манфиати неруҳои сиёсии манфиатадор ва сиёсатмадорон вобастагӣ дорад. Агар манфиати онҳо дар ҳолати адами ваҳдат таъмин гардад, сиёсат низ ба ташаккули фазои беваҳдатӣ майл менамояд. Вале ба он хотире ки манфиати умуму хайрияти умум дар шароити ваҳдат ва ризоият таъмин карда мешаванд, сиёсат бештар ба ваҳдатсозӣ майл менамояд.

Ваҳдат ва сиёсат миёни ҳам муносибати махсус дорад. Сиёсат ба ин нигаронида шудааст, ки ваҳдати ҷомеа ташаккул дода шавад ва ҷомеаи бо ваҳдат ташаккулёфта ҳамчун объекти идора барои сиёсат ҳадафи асосӣ мебошад. Ба ҳамин хотир, вазифаи асосии сиёсат ин ба вуҷуд овардани ваҳдати ҷомеа мебошад. Барои бавуҷудоварии яклухтӣ(монолит), ягонагӣ дар фазои ҷамъиятӣ назди сиёсат вазифа меистад, то ин шароитро ба вуҷуд биоварад. Зеро муҳимияти вазифаи мазкур аз ин иборат аст, ки агар ин вазифаи анҷом нашавад, дар бораи иҷрои вазифаҳои дигар ҳарф задан номумкин аст. Ваҳдат – вазифа ва ҳадафи асосии сиёсат аст. Моҳияти он дар ин зоҳир мешавад, ки агар ваҳдат, якпорчагӣ ба вуҷуд оварда нашавад, назорат бурдан, идора кардан, танзим намудан номумкин мегарданд. Ваҳдат яъне ба як ҳолати имконпазири идоракунӣ овардани объекти идора мебошад. Сониян, ба он шакли имконпазири идоракунӣ мумкин аст осон муаяссар нашуд. Барои ин сиёсатро зарур аст, то амалкарди қаблазваҳдат дошта бошад. Дар ҷомеаи ибтидоӣ ҳолати парокандагӣ чун ҳукмфармо буд, барои якпорча кардани кушишҳои мардум сиёсат вазифаашро анҷом дод. Вале дар инҷо сухан на дар бораи вазифаҳои сиёсат қабл аз ваҳдат ва якпорчагӣ, балки баъд аз сарҷамъ ва мутамарказ, якпорча, ягона, монолит кардани ҷомеа меравад. Дар зери вазифаи мазкур – ваҳдати ҷомеа сиёсат функсияҳои дигареро низ иҷро менамояд, ки шомили ваҳдат ва ягонагӣ мебошанд:

  • Таъмини ягонагӣ ва уствории ҷомеа;
  • Ҳамгироии қишрҳои мухталифи иҷтимоӣ, ҳифзи ваҳдати системаи ҷамъиятӣ, усутворӣ ва низом.

Вобаста ба вазифаҳои мазкур вазифаи навбатӣ аз худ дарак медиҳад, ки он вазифаи муттаҳиднамоӣ мебошад. Вазифаи муттаҳиднамоӣ дар марзҳои вазифаҳои дар боло дарҷгардида паҳн мешавад. Вазифаи муттаҳиднамоии сиёсат зери ғояи муайяне ба ҳам овардани ҷомеа мебошад. Мавҷуд будани манфиатҳои умумӣ ва арзишҳо барои муттаҳидшавӣ мусоидат менамоянд. Вазифаи муттаҳиднамоии сиёсат барои он муҳим аст, ки бе он вазифаи танзимнамоӣ ва банизомдарорӣ имконнопазир аст. Вазифаи асосии давлат таъмини ваҳдат ва ягонагии аъзои худ дар асоси афзалияти манфиатҳои умумӣ маҳсуб мешавад. Моҳияти сиёсат бо назари Арасту дар муттаҳиднамоии одамон барои ноилшавӣ ба хайрияти умумии давлат ва инсон зоҳир мешавад. Ҳаёт дар давлат – полис ба принсипҳои хуб ва боадолат асос ёфтааст. Дар асри XVII Томас Ҳоббс сиёсатро ҳамчун фаъолият баҳри ифодаи манфиати умум дида баромада буд. Барандаи ин манфиати умумӣ давлат маҳсуб мешавад. Анъанаи тавзеҳи сиёсат ҳамчун механизми таъмини ягонагӣ ва ризоият дар илм инкишоф ёфта, то замони муосир идома намудааст. Ҷомеашиноси амрикоӣ Т. Парсонс тайиноти сиёсатро дар интегратсияи ҷомеа ва таъмини самараноки фаъолияти умумӣ ва татбиқнамоии ҳадафҳои умумӣ дида мебарояд. Мулоҳизаи қудратии тавсифи сиёсат бо номи файласуфи итолиёвӣ ва ходими ҷамъиятӣ Н. Макиавелли алоқаманд аст. Дар ташаккулёбии мавқеи мазкур ба сиёсат аз назари Н. Макиавелли парокандагии Италия таъсир расонид, ки он ҳангом давлати ягонае вуҷуд надошт ва нимҷазираҳо байни ҳам дар ҳолати ҷанг буданд. Барои муттаҳиднамоии Италия Макиавелли усулҳои сахтаринро истифодаашро раво медонист. Ба ин хотир ваҳдат мақсади асосӣ буда, усулҳои ноил шудан ба он ҳамчун васила маҳсуб мешаванд ва ваҳдат ҳама гуна қурбониро ҷуброн менамояд. Аз ин рӯ, ҳадаф(ваҳдат) ҳама гуна василаро(истифода аз неру барои сулҳу тартибот) ҳақ мебарорад.

Назриев К.Қ, устои Донишгоҳии миллӣ

 

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин