Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

Андеша:

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков дар ноҳияи Исфара бо сокинони минтақаҳои марзӣ вохӯрда, мушкилоти сарҳадиро дар якҷоягӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Новобаста аз чораҳои андешидашуда мухолифин дар хориҷ аз мамлакат аз танишҳои марзӣ гӯё «руҳу илҳом» гирифта, мехоҳанд бо ҳар роҳу восита мардумро ба гирдоби ҷангу хушунат таблиғ кунанд. Талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан Пешвои миллатро дар мавриди аломатгузории марз ва ҳамдигарфаҳмии доимӣ камранг нишон додан хоста, мухолифин ҳар як мушкилоти ҷомеаи имрӯзаро ба души роҳбарияти олии сиёсии кишвар бор кардан мехоҳанд.

     Хоинони миллат аз паси парда нишаста аз кишварҳои аврупоӣ сари миллату давлат танқиду тавтеаи навбатиро роҳандозӣ кардан мехоҳанд. Онҳо дар симои якдигар миллати тоҷикро ба ҳам душман кардан хоста, ақидаи ботили «давлатдорӣ кардан»-ро ба худ шиори ҳаррӯза дар зиндагӣ медонанд. Гоҳе аз ҳизби террористии наҳзати ислом дифоъ мекунанду гоҳе аз фаъолияти «бомаром»-и ташкилоти сохтаи паймони миллӣ «бо ифтихор» суҳбат меороянд. Гоҳе васфи Кабирӣ мекунанду гоҳе Шарофиддин Гадоевро қаҳрамон унвон медиҳанд. Боре ҳам намеандешанд, ки бо як ду гул баҳор намешавад. Шояд хор мегӯфтем беҳтар мебуд. Бо шиорпардозиҳои беасос танҳо худро таскин медиҳанду халос!

     Барои хоинони миллат дигар дар Ватан ҷой нест. Алорағми ҳама бадгӯиҳо кишвари мо обод мешавад. Бо мусоидати сарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон мушкилоти сарҳадӣ ҳалли дурусти худро ёфта, зиндагӣ ба маҷрои пештара бармегардад.

   Месазад, ки ҳеҷ гоҳ ба доми иғвои ин асолатбохтагон наафтем ва барои ободӣ ва оромии кишвари азизамон сарҷамъона кӯшиш намоем.

 

                                              Асақолов Алиҷон –сокини ноҳияи

                                                                               Шамсиддин Шоҳин

 

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Ҷустучӯ дар сомона

Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Тақвим

April 2024
Mo Tu We Th Fr Sa Su
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 1 2 3 4 5


© 2024 Мақомоти ичроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин