Рӯзи 1 октябои соли 2025 баъди аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаштани навдаъватшавандагон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбии ноҳия чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба сухани табрикотӣ баромад намуда, ҳозиринро ба Рӯзи даъватшаванда шодбош намуданд.
Зикр карда шуд, ки дар ҷаҳони пуртазод ва печидаи муосир, ки рӯз ба рӯз ҳизбу ҳаракати иртиҷоӣ доман паҳн намуда истодаанд, ҳифзи якпорчагии меҳан, пойдории сулҳу суботи комили сиёсӣ ва дар ин замина таъмини иқтидори мудофиавии кишвар яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад.
Маҳз имрӯзҳо зери таваҷҷӯҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сипари боэътимоди Ватан шинохта шудааст.
Сипас ба зиёда аз 20 нафар ҷавонони навдаъватӣ, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайвастанд ва ба курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ ҷалб гардида буданд, аз тарафи мақомоти иҷртияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим карда шуд.
Дар охир аҳли фарҳанги ноҳия бо барномаи таҳиянамудаи хеш хотири тамошобинонро шод намуданд.