Санаи 30 сентябри соли 2025 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти роҳбарии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, даъвати ҳафтум доир гардид.
Дар кори иҷлосия дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашаванда, муовини якум ва муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сардорони шуъбаю бахшҳои дастгрҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбаррни ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуданд. Инчунин дар кори иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, сардори идораи хӯрокаи вилояти Хатлон Қодиров Сафаралӣ иштирок доштанд.
Пас аз интихоби котибот, ҳайати таҳририя ва регламенти кори иҷлосия, вакилон рӯзномаи кори онро тасдиқ намуданд, ки ба он 5 масъала, аз ҷумла, дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 31 августи соли 2020, №428 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025″ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар бораи рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 20 ноябри соли 2021, №314 » Дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 сентябри соли 2021, №314 «Оид ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021, №222 «Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, дар бораи рафти иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 29 январи соли 2024, №20 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2023, №545 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳибкории занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2027» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба масъалаҳои аграрӣ, идораи замин, захираҳои об ва экология ва тасдиқи қарорҳои раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ворид гардид.
Сараввал аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 31 августи соли 2020, №428 «Оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2020, №293 «Дар бораи Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин гузориши муовини аввали раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон Гадоӣ шунида шуда, рафти иҷрои Барномаи мазкур дар ноҳия мавриди таҳлил қарор дода шуд. Баъди муҳокимаи масъала раиси ноҳия ба масъулин барои иҷрои камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас доданд.
Бо ҳамин тартиб аз рӯи дигар масъалаҳои рӯзнома ҳисоботҳои масъулин шунида шуд.
Баъдан, раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин оид ба як қатор масъалаҳои зарурӣ аз ҷумла омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, самараноку оқилона истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии истифодаи он, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзӣ ва дар ҳар як оила захира намудани маводҳои ғизоӣ барои на камтар аз ду сол ва дигар масъалаҳои мубрам ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.