10 сентябри соли 2025 дар доираи таҷлил аз ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин дар доираи сафари корӣ ба Ҷамоати деҳоти Саричашма хати нави оби нӯшокиро дар деҳаи Носиробод, ки бо ташаббуси соҳибкори ватанӣ Шамсов Сулаймон роҳандозӣ гардида буд, мавриди истифода қарор доданд.

Лозим ба ёдоварист, ки сокинони беш аз 120 хоҷагии деҳаи мазкур муддатҳои зиёд танқисии об мекашиданд ва ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоштанд ва ин мушкилот боиси шикояти рӯзафзуни сокинони деҳаи мазкур ба мақомоти маҳаллӣ гардида буд.

    Аснои шиносоӣ бо хати нави обрасонӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба соҳибкори Ватанӣ Шамсов Сулаймон барои чунин иқдоми неку хайрхоҳонаашон изҳори сипос намуданд. Мавзуф зимни суҳбат бо сокинону фаъолон аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери роҳбарии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар, бахусус дар мисоли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёдовар гардида, сокиноро бо меҳнати ҳалолу корҳои хайр ҳидоят намуданд.

Сокинон низ зимни суҳбат бо шукргузорӣ аз сулҳу ваҳдати пойдор, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон баён намуда, аз иқдоми некбинонаи соҳибкорӣ ватанӣ Шамсов Сулаймон бо хушнуди истиқбол намуданд.

Раиси ноҳия бо сипосу эҳтиром аз хизмати шоистаи аҳолии деҳоти мазкур, соҳибкорон дар ободонии маҳал ёдовар шуда, фаъолони маҳалларо ба тозагӣ, ободонии хонаву дар ва кӯчаву маҳаллаҳои иқоматашон ҳидоят намуд.

Ҳамчунин дар ҳамин замина дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби сокинони маҳаллӣ барои эҳтиром ба соҳибкор Шамсов Сулаймон ва онҳое, ки дар ин кори хайр заҳмат кашиданд туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.