ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ПОЯИ АДОЛАТ, СУБОТ ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ АСТ.
Дар бунёди ҳар давлате, ки дар пайи оромии ҷомеа ва рушди устувор қарор дорад, Ваҳдати миллӣ ҳамчун заминаи асосӣ ва кафолати пешрафт нақши калидӣ мебозад. Барои миллати тоҷик, ки аз миёни озмоишҳои шадиди таърихӣ гузашта, ба сулҳу субот ва истиқлол расидааст, Ваҳдати миллӣ танҳо як сана ё рӯзи оддӣ нест, балки муқаддастарин рӯз барои давлатдорӣ ва ваҳдати дилҳову баҳамоии халқи Тоҷикистон аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери раҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист як пояи устувори Ваҳдати миллӣ бунёд кунад, ки имрӯз ба шоҳсутуни тамаддуни муосири давлатдории тоҷикон табдил ёфтааст. Яъне Ваҳдати миллӣ ба ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла низоми судӣ, имкони амалӣ намудани мақсади асосии худ таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқи инсонро фароҳам овард.
Бидуни суботи сиёсӣ ва ваҳдат, низоми адолати судӣ наметавонад фаъол ва муассир бошад. Ваҳдати миллӣ барои рушд ва устувории қонунмандӣ ва низоми ҳуқуқӣ муҳит фароҳам овард. Татбиқи самараноки қонун, риояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, баррасии одилонаи парвандаҳо ва ба мардум боз намудани дарҳои адолат маҳз дар фазои Ваҳдати миллӣ имконпазир гардид. Аз ин ҷост, ки ваҳдатро на танҳо ҳамчун сулҳ ва оромӣ, балки ҳамчун инфрасохтори маънавӣ ва сиёсӣ барои адолат метавон ном бурд.
Ҳокимияти Суди ҳамчун шохаи мустаъқили ҳокимияти давлатӣ, вазифадор аст, ки дар доираи салоҳияти худ адолатро таъмин намояд, қонунро татбиқ кунад ва эътимоди шаҳрвандонро ба давлату қонун баланд бардорад. Маҳз аз ин ҷост, ки раванди адолат бояд шаффоф, дастрас ва воқеан ба нафъи мардум бошад.
Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо дастуру роҳанамоиҳои роҳбарияти Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамоҳангӣ бо барномаҳои давлатӣ, чорабиниҳои мушаххас барои беҳтар кардани сифати кори судяҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ба роҳ мондааст.
Дар доираи ваҳдату суботи сиёсӣ таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар фаъолияти Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин як қатор пешравиҳо ва ташаббусҳои муҳими ташкилӣ ба иҷро расонида шуданд, ки ҳадафи аслии онҳо баланд бардоштани адолати судӣ, таҳкими адолат ва густариши маърифати ҳуқуқӣ миёни аҳолӣ мебошад.
Аз ҷумла, бо ташаббуси роҳбарияти суд ва ҳамоҳангӣ бо дигар мақомоти давлатӣ чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ, хусусан дар рустоҳо ва маҳалҳои дурдаст ба таври пайваста ташкил ва баргузор мегарданд. Ин иқдомҳо пеш аз ҳама ба боло бурдани маърифати ҳуқуқии сокинон, таҳкими эҳтиром ба қонун, ва пешгирии амалҳои қонуншиканӣ нигаронида шудаанд. Ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо ин аст, ки шаҳрвандон дар бораи ҳуқуқу уҳдадориҳои худ огоҳии бештар пайдо намуда, дар ҳолати зарурат тавонанд аз ҳимояи ҳуқуқҳои худ ба таври мустақим ва муассир истифода намоянд.
Бо ташкили вохӯриҳо, маҷлисҳои сайёри судӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ва ташкилоту идораҳои давлатӣ , сатҳи фаҳмиш ва эҳсоси масъулияти ҳуқуқии мардум рӯ ба болоравӣ оварда, ин раванд ба коҳиши ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамшавии фазои эътимод дар ҷомеа мусоидат менамояд. Бояд таъкид кард, ки ҳамаи ин корҳо дар фазои Ваҳдати миллӣ сурат мегиранд, ки бе вуҷуди ин арзишҳои сарнавиштсоз на танҳо рушди низоми ҳуқуқӣ, балки татбиқи босамари сиёсати судӣ низ номумкин аст. Ҳамин фазои орому устувор ва Ваҳдати миллӣ заминаи боэътимоди ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва баланд бардоштани нуфузи ҳокимияти судӣ дар байни мардумро фароҳам сохта, омили муҳими рушди минбаъдаи соҳа маҳсуб меёбад. Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин низ кӯшиш менамояд, ки дар доираи ҳамин арзишҳои воло фаъолият намуда, ба таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон, арҷгузори ба Ваҳдати миллӣ ва эҳёи фарҳанги ҳуқуқии ҷомеа саҳми назаррас гузорад.
Ҳамчунин, яке аз вазифаҳои асосии суд дар шароити муосир фароҳам овардани муҳити боварӣ ва оромӣ миёни шаҳрвандон мебошад. Агар мардум бовар дошта бошанд, ки қазияи онҳо беғаразона, одилона ва сари вақт баррасӣ мешавад, пас онҳо ба қонун эҳтиром мегузоранд, ва эҳтиром ба қонун ин эҳтиром ба ваҳдат аст.
Имрӯз, ки мо ба 27-солагии Ваҳдати миллӣ расидаем, бояд бидонем, ки ин неъмати бебаҳо осон ба даст наомадааст ва нигоҳ доштани он кӯшиши пайваста мехоҳад. Ҳокимияти Суди ҳамчун ниҳоди адолат, дар роҳи таҳкими Ваҳдати миллӣ ва татбиқи сиёсати ҳуқуқбунёд, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ, якпорчагӣ ва тамомияти арзии мамлакатро ҳифз намояда, адолати иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин намояд.
Ҳар шаҳрванди кишвари соҳибистиқлол вазифадор аст, ки дар мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ аз ҷумла гиромидошти арзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва Ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошад. Барои кормандони суд бошад, ин саҳм аз тариқи таъмини адолат, татбиқи одилонаи қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон сурат мегирад.
Ҳамватани азиз, биёед Ваҳдати миллиро, ки муқаддастарин ва гаронбаҳотарин сарвати таърихии миллат аст бо тамоми ҳастиву виҷдон, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ҳифз намоем. Зеро маҳз ваҳдат аст, ки пояҳои истиқлолият, суботи сиёсӣ, адолати иҷтимоӣ ва пешрафти давлатро таъмин мекунад.
Бо иттиҳоду якпорчагӣ, эҳтиром ба қонун, хештаншиносӣ, худогоҳӣ ва маърифати ҳуқуқӣ метавонем роҳи ободу осоиштаи давлату миллатро идома бахшем. Ҳар яки мо масъулем, ки насли ҷавонро дар рӯҳияи ваҳдатмеҳварӣ, дӯстдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия кунем ва бо амалҳои нек ба таҳкими пояҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду инсонгаро саҳмгузор бошем.
Раиси Суди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин
Иброҳимзода Дурандеш