Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин таҳти раёсати раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин, прокурори ноҳия, мушовири адлияи дараҷаи 1 Абдухолиқзода Абдулфайз, раиси суди ноҳия Иброҳимзода Дурандеш ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид ки дар кори он муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, мудирону бахшу сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони корхонаву ташкилот, раисони ҷамоатҳои деҳот, ходимони дин ва фаъолон иштирок доштанд.
Тибқи рӯзнома, дар ҷаласа дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 27-уми марти соли 2025 дода шуд, мазмуну муҳтавои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи энергетика” «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади пурзӯр намудани ҷавобгарии шахсони воқеӣ, мансабдор ва ҳуқуқӣ барои истифодаи ғайриқонунии неруи барқ таҳия гардидаанд, инчунин, масъалаҳои андешидани тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия, масъалаҳои ба низом овардани истифодаи нерӯи барқ дар шаҳр, пешгирӣ аз талафот ва изофанависӣ аз ҷониби нозирони барқ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Нахуст раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин доир ба муҳимияти масъала таъкид намуданд, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати энергетикии мамлакат ва дар ин васила иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешгирии истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ аз ҳар як иштирокчии имрӯза фаъолияти сарҷамъонаро талаб менамояд
Прокурори ноҳия Абдухолиқзода Абдулфайз моҳияти тағйиру илова ба Кодекси ҷиноятӣ ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ воридшударо пурра фаҳмонида, ёдовар шуд, ки минбаъд ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ пурзӯр гардиданд. ( ҳамаи моддаҳои ба ин самт нигаронидашудаи Кодекси ҷиноятӣ ва Кодеки ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба саҳми ҳозирин расонида шуд
Ҳамчунин доир ба ин масъала раиси суди ноҳия Иброҳимзода Дурандеш ва сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ фикру андешаҳои худро иброз намуданд.
Дар фароварди кори ҷаласа раиси ноҳия Гулзода Зафар Шамсуддин ба масъулин дастур доданд, ки бо баргузор намудани чорабиниҳои тарғиботиву ташвиқотӣ миёни аҳолӣ ва ҳар як оила иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти риояи маданияти истифодаи нерӯи барқ таъмин намоянд.