Тибқи нақшаи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санаи 28 декабри соли 2024 баён доштанд, бо мақсади беҳтар намудани корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ҳисси миллӣ, худшиносию ватанпарастии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, аз ҷумла муқовимат ба экстремизм ва терроризм, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, эҳтиром ба фарҳанг ва сару либоси миллӣ, таъмини фазои одобу ахлоқи ҳамида дар ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрам рӯзи 5 феврали соли 2025 вохӯрии раиси ноҳияи Шамсуддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин бо сокинони деҳаҳои Хирманҷо ва Кишти Ҷамоати деҳоти ба номи Нуриддин Маҳмудов баргузор карда шуд.

       Ҳамчунин дар мулоқот муовини раиси ноҳия оид ба самти идеологӣ Ғоибзода Насимҷон, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол ва мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун иштирок доштанд.

   Дар оғоз раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба сухан баромада қайд намуд, ки Сарвари давлат дар Паёми имсолаи худ бори дигар ёдовар шуданд, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози солҳои ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар қатори соҳаҳои мухталифи ҷомеа, ба илму маориф низ диққати махсус зоҳир менамоянд. Маҳз сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат аст, ки Тоҷикистон ба чунин мувафақиятҳо ноил гашта истодааст. Роҳбари давлат зимни суханронии хеш иброз доштанд:»Сабаби асосии бадбахтии ҳар як миллат ва давлат эътибор надодан ба мактабу маориф ва саҳлангорӣ ба тарбияи кӯдак дар хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбият мебошад. Яъне ки то вақте тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наорад, дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҷиноятҳою корҳои пешгӯинашаванда хоҳанд буд

       Таъкид карда шуд, ки имрӯз зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Сарвари давлат ба соҳаи илм, маориф, фарҳанг ва тамаддуни халқи тоҷик таваҷҷуҳи бештар зоҳир гашта истодааст, ки мисоле аз ин гуфтаҳо, ҷорӣ намудани озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон — Ватани азизи ман», «Илм — фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикон — оинаи таърихи миллт» аст, ки маҳз бо дастгирӣ ва ибтикори маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани завқи ҷавонону наврасон ба донишомӯзӣ, баҳри пайдо намудани чеҳраҳои нави кашшофу илмдӯст равона карда шудаанд.

   Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол зимни баромад пиромуни масъалаҳои муҳими ҷомеа аз ҷумла пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, иштирок дар корҳои хайру савоб, ободкорию созандагӣ, роҳ надодан ба фарҳанги бегона, изҳори назар намуда, аз сокинон ҳушёриву зиракиро талаб намуд. Қайд карда шуд, ки вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯз ва то рафт мураккаб гардидани авзои сиёсии ҷаҳон бори дигар моро ба он водор месозад, ки дар ҳифзи якпорчагии меҳани азизамон сарҷамъона талош намоем.