Рӯзи 10 октябри соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷамъбасти натиҷаҳои тараққиёти рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024 мавриди таҳлил қарор дода шуд.

 Дар кори маҷлис раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин — Гулзода Зафар Шамсуддин, муовини якум ва муовинони раис, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раиси ноҳия, роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо ва идораҳои ноҳиявӣ, раисону нозирони мизи ҳарбии ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоавӣ, хоҷагиҳои ҷангалу шикорӣ, корхонаҳои саноатӣ ва сохтмонӣ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеи ноҳия, иштирок доштанд.

       Доир ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимои ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2024 муовини авали раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон маълумот дод.

 Баъди анҷоми маърўза аз роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вобаста ба камбудию норасогиҳои ҷойдошта пурсиши сахт ба амал оварда шуд.

 Дар анҷом роҳбарони воҳидҳои сохтории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ташкилоту муассисаҳо ва раисони ҷамоатҳои деҳоти ноҳия вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт тадбирҳои қатъӣ андешида, бо истифода аз захираҳои мавҷуда рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияро аз рўи нақша, дурнамо ва барномаҳои тасдиқшуда таъмин намоянд.