Рӯзи 25 сентябри соли 2024 дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Иҷлосияи бистучоруми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даъвати шашум баргузор гардид.
Дар кори Иҷлосия дар иртибот ба масъалаҳои муҳокимашаванда муовини якум, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони бахшу шуъбаҳои дастгоҳи раис ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, директорони муассисаҳои таълимӣ, директорони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок доштанд.
Инчунин дар кори иҷлосияи намояндаи Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Рустамов Шарофиддин – мудири шуъбаи Раёсати тандурустии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Аз рӯи масъалаи яку оид ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 28 майи соли 2021, №362 «Дар бораи Барномаи миллӣ оид ба муқовимат бо эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои солҳои 2021-2025 муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҷумъазода Шифо, аз рӯи масъалаи дуюм доир ба рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин аз 7 майи соли 2024, №227 «Оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 27 январи соли 2022, №24 «Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ноябри соли 2022, №579 «Дар бораи Барномаи рушди соҳаи чарогоҳҳо дар вилояти Хатлон барои солҳои 2023-2027» дар ноҳия муовини аввали раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Абдуллозода Ҷалолхон, аз рӯи масъалаи сеюм доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2019, №316 «Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҷумъазода Шифо баромад намуданд.
Ҳамчунин ҳисоботи раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, оид ба масъалаҳои аграрӣ, идораи замин, захираҳои об ва экология Абдуллозода Ҷалолхон шунида шуд.
Баъди муҳокимаву баррасии масъалаҳои мазкур ҷиҳати ҳали мушкилотҳои мавҷуда ба масъулин супоришҳои мушаххас дода шуданд.