Бо мақсади иҷрои амри раиси вилояти Хатлон аз 12 июли соли 2024 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин» рӯзҳои 18 то 20 июли соли 2024 машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ дар мавзӯи «Амали ҳайати роҳбарикунанда, комиссияҳо, қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ бо ҷалби зернизомҳои вазифавӣ ва ҳудудии Низоми ягонаи ноҳия ҳангоми рахнашавии «Кули Сарез» ва зери хавфи об мондани ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия» гузаронида шуда истодааст. Аз ҷумла тибқи нақша бо эълони ҷойи ҷамъшавӣ рӯзи 18 июл роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фаъолон ва намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон соати 6⁰⁰ дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷамъ омаданд. Баъди гузориши сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳия аз тарафи масъулин мақсади ташкили баргузории чорабинӣ ба ҳозирин фаҳмонда дода шуд. Сипас муовини якуми раиси ноҳия Абдуллозода Ҷалолхон, сардори шуъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб Раҳмонзода Содиқ доир ба масъалаи мазкур баромад намуда, ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани машқи мукаммал дар рӯзҳои минбаъда ба масъулин супоришҳои мушаххас доданд.