Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Интиҳои асри XX ва даҳсолаи аввали асри XXI гувоҳи он аст, ки дар радифи масъалаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатари терроризм ҳамчун зуҳуроти номатлуб боқӣ мондааст. Доман паҳн кардани терроризм, боиси аз байн бурдани арзиши инсонӣ ва муқаддасоти миллӣ мегардад. Аз ҳамин нуқтаи назар, терроризму экстремизм ба ҷуз аз хатару таҳдид ва ваҳшоният дигар ягон натиҷаи воқеӣ надорад.
Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсоният ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, касро аз андешаҳои солим дур месозад.
Феълан, гурӯҳҳои махсуси ташкилшудаи тарғиботӣ аз як тараф ба таври озод ва аз сӯи дигар тавассути расонаҳои хабарӣ андешаҳои ғаразноки худро паҳн намуда, ба рӯҳия ва мафкураи одамон, махсусан ҷавонон таъсири манфӣ мерасонанд ва онҳоро ба амалҳои террористию экстремистӣ ҷалб менамоянд.
Аммо, ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки мушкилоти азимтарине, ки то ба имрӯз роҳи ҳалли пуррааш дарёфт нагардидааст ва дар ҷаҳони муосир новобаста аз пешрафти илму технология боқӣ мондааст, ин мушкилоти мафкуравӣ мебошад. Роҳи ҳалли масъалаи мазкур, содаву осон нест. Агар мо ба таърихи пурғановати худ назар афканем, маълум мегардад, ки фарзандони донишманду соҳибхирад ва дурандешу фозили миллат дар роҳи ҳалли омилҳои номатлуб кӯшишҳои зиёде кардаанд ва мафкураи халқро тағйир дода, хостаанд, ки ҳамеша ба туҳмату бӯҳтон гирифтор нашаванд. Яке аз сабабҳои асосии пайдоиши низоъҳои мазҳабию динӣ, гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ва дар ин замина ба майдони ҷанг табдил додани давлатҳо мебошад, ки маҳз ҳамин мушкилот фазои сиёсии ҷомеаро пурра халалдор месозад.
Дар Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ аз 15 ноябри соли 2000, омадааст: «Ҷинояткории муташаккил асоси офариниши таҳдидҳо ба бехатарии миллӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, на танҳо ба сохторҳои сиёсӣ ва қонунгузорӣ, балки ба сохтори давлатдорӣ таҳдид намуда, боиси фалаҷ гаштани фаъолияти ниҳодҳои иҷтимоию иқтисодӣ гардидааст».
12 декабри соли 2000 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи сиёсии Созмони Милали Муттаҳид «Оид ба мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ» дар шаҳри Полермои Италия, гуфта буд, ки ҷиноятҳои муташаккил хусусияти глобалӣ гирифта, аз доираи як давлат баромада истодаанд. Бо мақсади пешгирӣ аз ин ҷиноятҳо дар Паёми худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, ки «авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва зарурати таъмини амнияту суботи кишвар баланд бардоштани сатҳи таъминоти моддиву техникӣ ва маблағгузории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангии онҳо тақозо менамояд».
Дар раванди пешгирии ҷинояткорӣ ва мубориза бо унсурҳои ҷинояткор, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани тайёрии касбӣ ва омодабошии ҷангӣ вусъат бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус мақомоти қудратӣ бо аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо хеле муҳим мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ баён доштааст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад.
Терроризм ин амали зӯригарии ғайриқонунии муташаккил буда, бар зидди сохти конститутсионӣ равона гардида, мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ мутаваҷҷеҳ гардонидани онҳо мебошад. Мафҳуми терроризм, ки аз калимаи лотинии “terror” гирифта шуда, маънои луғавиаш тарсу даҳшат ва дар фаҳмиши истилоҳияш бо роҳи зӯрӣ, ҷазоҳои ҷисмонӣ ва ҳатто бо суиқасду куштор аз байн бурдани рақиби мафкуравию идеологӣ мебошад, ба зоти худ зуҳуроти нав нест. Агар ба таърихи инсоният руҷӯъ кунем, саҳифаҳои он пур аз амалҳои даҳшатбори муташакилу субъективист, ки онҳо характеру хусусиятҳои террористӣ доштанд. Ҳатто шурӯъ аз пайдоиши инсоният то имрӯз. Бартариҷӯии як шахс бар шахси дигар, таҷовузи як хонавода бар хонаводаи дигар, як қабила бар қабилаи дигар, як халқ бар халқи дигар, ҳуҷуми як давлат бар давлати дигар, аз байн бурдани як империя аз ҷониби империяи дигар, мансур ва муқаддас шумурдани дини худ ва бебунёду мансух донистани дини дигарон ҳамеша заминаи ба амал омадани ин гуна зуҳурот мегардид.
Терроризм – маҷмуи аломатҳоест, ки ба фаъолияти ҷиноӣ мансуб мебошад. Яъне терроризм – ин ҷиноятест, ки нисбати гурӯҳи одамон барои ноил шудан ба ҳадафҳои ғаразноки муайяне амалӣ карда мешавад. Терроризм зуҳуроти вазнин ва хатарноки замони ҳозира мебошад, ки ба талафоти бештари молию ҷонӣ оварда мерасонад. Шахсе, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро саривақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад.
Терроризм зуҳуроти номатлуби густаришёфтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун муаммои меҳварии ҳаёти башарият боиси нигаронии кишварҳо гардидааст. Аз ин рӯ, ҳар фарди худогоҳу худшинос ва ҳар сокини сайёраро зарур аст, ки нисбат ба ин гуна кирдори ҷиноятӣ ва амали ғайриинсонӣ бетараф набошад, зеро ин вабои аср мисли тори анкабут сайёраро фаро гирифта ва ҳатто дар мутамаддинтарин, фарҳангитарин ва аз лиҳози илму дониш пешрафтатарин манотиқи курраи арз нишонаҳояш ба назар мерасад.
Бо дар назардошти як қатор тафовутҳо намудҳои зерини терроризмро ҷудо мекунанд: терроризми ядроӣ, терроризми экологӣ, терроризми биологӣ, терроризми психологӣ, кибертерроризм (терроризми компютерӣ, электронӣ). Кибертерроризм ҳуҷуми мақсадноки ба иттилоот, ки компютер коркард менамояд, системаи компютерӣ ё шабакаи компютерӣ, ки хатарро ба ҳаёт ва саломатии одамон ба вуҷуд меорад, агар ин амалҳо бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, фитнаи низои ҳарбӣ ташкил шуда бошанд.
Бо дарназардошти нақши ҷавонон дар пешрафти кишвар зарур аст, ки онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва фарҳангдӯстӣ тарбия карда шаванд, то ки аз арзишҳои миллӣ, фарҳангу тамаддун ва расму оини гузаштагони худ огоҳӣ пайдо намуда, баҳри дифои Ватан ва ободию осудагии он саҳмгузор бошанд. Нагузоранд, ки нохалафон ба Тоҷикистони азизи мо аз дурӣ санг партоянду сулҳу суботи комили онро халалдор намоянд.
Алишер НАЗАРЗОДА