Имрӯзҳо интернет ҳамчун яке аз бузургтарин ихтирооти инсоният нақши беш аз пеш муҳимро дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум махсусан ҷавонон ва донишҷӯён бозида истодааст. Дастрасии осон ва зуд ба маълумотҳои гуногун, фароҳам овардани муҳити муошират ва имконоти таълимӣ дар шаклҳои гуногун ин воситаро барои таҳсил самаранок гардонидааст. Аммо ҳамзамон бо фоидаҳои зиёд ин василаи муосир метавонад таъсироти манфии амиқ дошта бошад ки боиси кам шудани самаранокии таҳсил ва ҳатто ба пайвастани баъзе донишҷӯён ба гуруҳҳои ифротӣ гардад.

     Аввалин ва муҳимтарин таъсироти интернет ба донишҷӯён ин таъсири дутарафа ба фаъолияти таълимӣ мебошад. Аз як тараф дастрасӣ ба китоби электронӣ, лексияҳои видеоӣ, муҳокимаҳои онлайн ва платформаҳои омӯзишӣ имконияти омӯзишро васеъ месозад. Масалан донишҷӯе, ки дар минтақаҳои дурдаст зиндагонӣ мекунад метавонад бо истифода аз интернет ба беҳтарин донишгоҳҳои ҷаҳон дастрасӣ пайдо намуда ва аз маводи таълимии онҳо истифода барад. Дар чунин ҳолат интернет ҳамчун воситаи такмили дониш ва баланд бардоштани сатҳи таҳсил хизмат мекунад.

  Аммо аз тарафи дигар фаровонии маълумот ва манбаъҳои гуногун дар интернет метавонад боиси ғарқ шудани донишҷӯ дар маълумоти нодуруст, нобаробар ё бетағйиршаванда гардад. Ин омил метавонад дар баробари хато фаҳмидани маводҳои таълимӣ ва кам шудани диққат ба омӯзиши амиқ боиси паст шудани сифати таҳсил ва поён рафтани нишондиҳандаҳои таълимӣ шавад. Илова бар ин истифодаи беинтиҳои интернет барои машғул шудан ба шабакаҳои иҷтимоӣ, бозии видеоӣ ва тамошои филмҳо вақти зарурӣ барои омӯзишро кам карда ба таъхир дар иҷрои вазифаҳои таълимӣ оварда мерасонад.

  Ҳамзамон, интернет метавонад ҳамчун василаи таблиғ ва паҳнкунандаи ақидаҳои гуногун, аз ҷумла ақидаҳои ифротӣ низ истифода шавад. Дар шароити имрӯза гурӯҳҳои ифротӣ бо истифода аз интернет тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, форумҳо ва каналҳои муфид ё номуфид ба ҷавонон дастрасӣ пайдо мекунанд ва кӯшиш мекунанд, ки тавассути пешниҳоди иттилооти ҷолибу таъсирбахш ва динӣ онҳоро ба эътиқодҳои хатарнок ҷалб кунанд. Масалан як донишҷӯе, ки дар ҷустуҷӯи пешравӣ ва шӯҳрат аст ва ё аз камбудиҳои иҷтимоӣ ва шахсӣ ранҷ мебарад метавонад бо ташнагии иттилоот ба чунин гурӯҳҳо ворид шавад ва бидуни қобилияти интиқодӣ дар муҳити он ақидаҳои ифротиро қабул кунад.

Ин ҳодисаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки истифодаи беэҳтиёти интернет метавонад на танҳо ба паст шудани натиҷаҳои таълимӣ оварда расонад, балки ба тағйироти ҷиддӣ дар муносибат ва ҷаҳонбинии ҷавонон сабаб гардад ки ин метавонад оқибатҳои ҷиддӣ барои ҷомеа дошта бошад. Барои пешгирии чунин хатарҳо нақши падару модарон, омӯзгорон ва ҷомеа хеле муҳим аст. Онҳо бояд донишҷӯёнро бо усулҳои дуруст истифода бурдани интернет, маърифати иттилоотӣ ва фаҳмиши интиқодии иттилоотӣ ошно созанд ва барои рушди фикри мустақил ва масъулиятшиносии ҷавонон кӯшиш намоянд.

      Илова бар ин муассисаҳои таҳсилоти миёнаи ва олии касбӣ метавонанд дар барномаҳои таълимӣ ҷузъиҳои махсусе дохил кунанд, ки донишҷӯёнро бо хатарҳои истифодаи нодурусти интернет ва усулҳои мубориза бо таблиғоти ифротӣ шинос кунанд. Ташкил намудани гурӯҳҳои муҳокима ва машварат бо коршиносон, низоми дастгирии равонӣ ва равандҳои омӯзиши ахлоқӣ метавонанд нақши муҳим дошта бошанд.

   Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки интернет ҳамчун манбаи бебаҳои дониш метавонад барои донишҷӯён василаи пурқудрати омӯзиш ва муваффақият бошад агар онҳо ба таври дуруст ва масъулиятнок аз он истифода кунанд. Аммо дар акси ҳол, истифодаи нодуруст ва беэҳтиёт аз интернет метавонад ба пастшавии сатҳи таълим, ба иллати дурӣ аз ҳадафҳои иҷтимоӣ ва ҳатто ба пайвастан ба гуруҳҳои ифротӣ оварда расонад. Аз ин рӯ истифодаи огоҳона ва маърифати иттилоотӣ аз муҳимтарин вазифаҳоест, ки волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа бояд ба он диққати ҷиддӣ диҳанд.

Насим Юнусов