Имрӯз дар доираи таҷлили ҷашни 34 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати ҷавонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар ин замина бунёди майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳое, ки зиёда аз сад хоҷагӣ доранд дар деҳаи Саричашмаи Ҷамоати деҳоти Саричашма аз тарафи соҳибкори Ватанӣ Раҳмонов Алимурод майдончаи наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуд.
Дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ раиси ноҳия аз ин иқдоми хайрхоҳонаи соҳибкорӣ ватанӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, онро ҳамчун туҳфаи идона ба истиқболи ҷашни Истиқлоли миллӣ барои бошандагони деҳаи мазкур номид. Мавсуф таъкид намуданд, ки даврони соҳибистиқлолии мамлакат зери роҳбарии хирадмандони Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сокинони кишвар, бахусус соҳибкорони ватанӣ имкон фароҳам овард то баҳри амалӣ намудани нияту ҳадафҳои созанда аз тамоми захираву имкониятҳо самаранок истифода намоянд.
Ҳамчунин аз соҳибкорону сокинони маҳаллӣ даъват оварда шуд, ки ҳамеша ҷиҳати вусъати корҳои ободонӣ ташаббускор бошанд.
Бояд қайд намуд, ки деҳаи Саричашма яке аз калрнтарин деҳаҳо дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саричашма ба ҳисоб рафта, яке аз мушкилоти асосии наврасону ҷавонони он набудани майдончаи варзишӣ буд, ки имрӯз он ҳалли пурраи худро ёфт