Ваҳдати миллӣ бояд аз ҳама гуна ихтилофи назар, гуногунандешии сиёсӣ, манфиатҳои ҳизбӣ-гурўҳӣ болотар ва дахлнопазир бошад аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром
Эмомалӣ Раҳмон
Дар ҳама давру замонҳо ҳар як қавму миллатро танҳо шахсиятҳои муътабару дурандеш, буёдкору матинирода ва ватандўсту ҷоннисор дар ҷомеаи ҷаҳонӣ соҳибэҳтиром ва пешрафтаву тавонманд мегардонанд. Агар ба таърихи гузаштаи мардуми тоҷик назар афканем дармеёбем, ки ҳама он шахсиятҳои бузурге, ки дар рушди соҳаи фарҳангу сиёсату давлатдорт саҳми арзанда гузоштаанд, онҳо ғурури миллӣ доштанд, дўст доштани Ватан-модар ва азхудгузаштаншо ба хотири ҳамгирову муқтадир гардидани миллат дар ќалбҳояшон аланга задаву онҳоро дар олам соҳибэҳтиром намудааст. Мардуми имрўз аз хизматҳои арзандаи гузаштагони худ аз давраи аввалин давлатдории қадимаи тоҷикон Суғду Бохтари қадим, давлатдории Сомониён, ки намунаи бузурги модели давлатдории ваќт буданд, мефахранд ва ин рўйдод боиси фахр ҳам аст.
Бузургони мо шоирону адибон ва сиёсатмадорони давр, ки ҳастии худро барои зинда гардонидани номии миллату давлатдории тоҷикон бахшидаанд, ҳеҷ гоҳ аз қалбҳо дур намешавад. Насли имрўз аз корнамоиҳои Деваштичу Муќаннаъ, Абўмуслими Хуросонӣ, Шераку Темурмалику Восеи диловар ва садҳо нафар ќаҳрамонони миллӣ, ки дар даврони гуногун ба хотири осоиштагию озодии миллат ҷон нисор кардаанд, мегўянду онҳоро миёни насли ҷавон васф мекунанд. Ва ин омил барои муќтадиру тавонманд сохтани миллати тоҷик паёмади хуб хоҳад дошт. Зеро агар мо мехоҳем дар ҷомеаи имрўз воќеан ҳам ба маънии томаш шахсияте дошта бошем, ки ў тавонад миллатро сарҷамъу пешрафта гардонад, аз гузаштаи худ, аз корнамоиҳои ҷавонони ин марзу бум мо бояд огоҳу бархурдор бошем. Ва хушбахтона, чунин миллате, ки тавонист бо вуҷуди ҷавонӣ бори сангини давлатдории навинро ба дўш гирифта, давлату миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ раҳонад ин бешак Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалї Раҳмон аст. Мусаллам аст, ки Садри муаззами кишвар, Президенти мамлакат ба ниёишу таъриф эҳтиёҷ надорад ва назди миллат бо хизматҳои сазовору арзандааш маълуму машҳур аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Раиси Шуро барои давлатдории навини мо дар таърих саҳифаи навро кушод. Вақте ба наворҳои телевизионӣ ва рафти баргузории ин Иҷлосия баъди интихоб шудан ва аз ҷой хестанҳо ба минбар баромадани ин абармарди дунёи сиёсатро тамошо мекунем, беихтиёр сабурию ҷонфидоӣ ва бори масъулияти миллатро ба душ гирифтанҳояш бармало эҳсос мешавад. Ва бовар кунед, аз ҷой хестанҳои ин марди шариф дар ин толор дар худ як салобату назокати бо сухан баённашавандаро нуҳуфтааст.
Мо насли имрўз назди он вакилоне, ки дар он рўзҳои барои миллат басо ҳассосу таќдирсоз зимоми қудрати давлатдориро ба ин шахси ватандўст бовар карданд, арзи сипосу миннатдорӣ менамоем.
Ояндаи неки ҳар миллату давлат аз сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати миллӣ вобастии зиёд дорад. Аз рўзҳои аввали оғози кор ин ниятҳои нек орзуву омоли раиси тозаинтихоби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва дар ин росто мардуми шарафманди Тоҷикистон ин рафтори ватанпарастонаи пешвои худро дурусту амиқ дарк карданд. Натиҷаи ҳамин аст, ки баъди гузашти солҳои начандон зиёд Тоҷикистон бо шарофати шахсияти оқилу пешвои бузургаш дар сайёра ҳамчун давлати соҳибистиќлолу воҳид шинохта шуда, сулҳу суботи ҷомеа устувору соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат дар ҳоли рушд аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну қониният ҷои худро гирифтанд. Ба беқонуниву ҳукумронии калашниковӣ нуқтаи томот гузошта шуд. Сохторҳои давлатӣ барќарор шуданд. Муқаддасоти миллӣ: Конститутсия, Суруди миллӣ, Парчами миллӣ, ќабул гардиданд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суруди миллӣ ҳамчун муаррифгари давлати воҳиду соҳибистиқлол аз минбарҳои баланди Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи дунё аз мавҷудияти миллату давлати тоҷик дарак дода, барои насли ҷавон ҳамчун манбаи номусу нанг гаштаанд. Маҷмуан Ваҳдати миллӣ аҳли ҷомеаро муттаҳид, якдил, якмаром ва якпорча гардонид. Қонун ва қонуният дар ҷомеа мақоми авлавиятро касб намуд.
Шукри Худо, ки имрўз дар Тоҷикистони азиз ваҳдату якдилӣ ҳукмфармост. Имрўз зиндагии мо орому осуда буда, кишвари мо муқтадиру пешрафта гардида истодааст. Боистӣ, ки ин ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт, то сияҳдилону нотавонбинон сўяш дасти таљовуз дароз нанамоянд.
28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ муборак бошад, ай ҳамдиёр!
Файзуллозода Мавлуда, мудири САҲШ-и ноҳияи Шамсидин Шоҳин