Имрӯз 19 июни соли 2025 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар толори Қасри фарҳангии ноҳия Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ-бақои миллат” доир гардид.

    Конференсияи мазкур ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд. Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ муовини раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ғоибзода Насимҷон, раиси бахши иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон шоир Ақназар Ғоиб, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар нрҳия Назарзода Толибҷон, собиқадори меҳнат Ҷумъаи Назризодаи Назрӣ, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ ва фаъолон иштирок доштанд.

 Баромадкунандагон роҷеъ моҳияту мақоми ваҳдати миллӣ, хизматҳои сарсупурдаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба ваҳдати саросарӣ, вусъати корҳои азими бунёдкорӣ дар кишвар изҳори назар намуданд.