Дар асоси нақшаи чорабиниҳои муштараки «Мактаб ба мактаб»-и сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории суҳбату вохӯриҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо хонандагону волидон идома дорад.

Дар ин асос, имрӯз, 24-уми апрел дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №11-и деҳаи Ёл бо омӯзгорону хонандагон ва волидон вохӯриҳо баргузор гардиданд.

Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Давлатзода Баҳодур ва намояндаи бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия иштирок намуданд.

   Аз ҷониби баромадкунандагон масъалаҳои муҳимми рӯз, аз ҷумла, пешгирии терроризму экстремизм, таълимоти ғайриқонунии динӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, роҳ надодан ба пӯшидани либоси бегона, пешгирии аз таҳсил дур мондани фарзандон, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, инчунин, тарғиби фарҳанги миллӣ, баланд ба роҳ мондани раванди таҳсил, иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва ғайра мавриди таҳлилу муҳокима қарор гирифтанд.