Имрӯзҳо кам нестанд нафарони яккаву танҳо,бемору камбизоат ва маъюбу барҷомонда, ки бо дастгирии ҳамешагӣ ниёз доранд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон доим таъкид менамоянд ки дасти ёрӣ дароз намудан ба ятимону бепарасторон беморону камбизоатон яке аз фазилатҳои хуби инсонист.
Боиси хушнудист ки дар арафаи моҳи шарифи Рамазон- моҳи хайру эҳсон шахси нексиришту некирода сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тағойзода Сафаралӣ Хол иқдоми шоистаеро анҷом доданд.
Ба ин муносибат рӯзи 28 феврали соли 2025 аз ҷониби сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Тағойзода Сафаралӣ Хол дар баробари кормандони шуъба ба зиёда аз 30 нафар оилаҳои эҳтиҷманди ноҳия аз ҷумла 16 нафар ятимони кул кӯмакҳои ниёзи аввалия аз қабили орд, картошка, пиёз, равған, сабзӣ, қанд дастрас намуданд.
Зимни суҳбат мавсуф роҷеъ ба сиёсатт инсондӯстони Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори андеша намуда, зикр намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар ба масъалаи беҳтар гардонии шароити зиндагии сокинон диққати махсус зоҳир намуда, дастгирии оилаҳои танҳову бесаробон, маризону барҷомондагон зери меҳвари асосии сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат қарор доранд. Аз ин рӯ, шукргузорӣ аз даврони истиқлол ва амалӣ намудани ҳадафу мақсадҳои ҳукумати мамлакат қарзи виҷдониву инсонии ҳар яки мост.
Иштирокдорон барои чунин иқдоми хайрхоҳона ба сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол изҳори миннатдорӣ намуданд.