Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ 27 феврал дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур ҳайати комиссия бо сардории муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо, сардорони шуъбаю муассисаҳои таълимӣ ва дигар сохторҳои МИҲД ноҳия ва намояндагони соҳаҳои гуногун иштирок доштанд.
Нахуст намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, сӯзандӯзию гулдӯзӣ, заргарӣ, тарроҳӣ ва дигар санъати мардумӣ аз тарафи тарроҳону чирадастони ноҳия пешкаши тамошобинон гардонида шуд.
Ҳайати ҳакамон аз ин намоишгоҳ дидан намуданд ва ба ҳунари иштирокдорон баҳогузорӣ карданд. Сипас, тибқи барнома қисмати дуюми чорабинии мазкур идома ёфт.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки – «Ҳамчун намунаи санъати гулдӯзии тоҷик ва бозгӯи таърихи ниҳоят қадима, урфу одат ва олами маънавии мардуми мо, баъд аз талошҳои панҷсолаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 ноябри соли 2018 дар ҷаласаи солонаи Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО – Идораи илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, ки дар Маврикий баргузор гардид, санъати гулдӯзии чакан ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил карда шуд.»
Дар асоси Низомномаи баргузории даври ноҳиявии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври ноҳиявии «Сад ранги чакан» маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.
Ҳамзамон аз тарафи аҳли ҳунари бахши фарҳанги ноҳия барномаи фарҳангӣ пешкаши ҳаводорони санъати мусиқӣ гардонида шуд.
Дар фарҷом иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Шамсиддин Шоҳин сарфароз гардонида шуданд.