Дар асоси нақша чорабиниҳои тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин санаи 26 феврали соли 2025, вобаста ба баргузории суҳбату вохӯриҳои гурӯҳи корӣ бо сокинони деҳаҳои Хайркорон, Куҳдоман ва Нурафшони Ҷамоати деҳоти Теҳрай баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин, муовини раиси ноҳия Ҷумъазода Шифо раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон иштирок доштанд.

Дар вохӯрӣ вобаста ба бандҳои алоҳидаи Паём дар самти таълиму тарбия, самаранок истифода бурдани замин, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таълимоти ғайриқонунии динӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқи, ҳисси ватандӯстии ҷавонону наврасон, саноатикунонии мамлакат, тозагии маҳал, суханронӣ гардида, қайд карда шуд, ки ҷалб намудани ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи ҳар яки мо буда, танҳо ба ин васила мо метавонем дар таъмини амният ва сулҳу суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

Илова бар ин, оид ба масъалаҳои баланд гардидани сатҳи иқтисодию иҷтимоии мамлакат, рушди соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, маорифу тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва ҷавонон, ҳамзамон таваҷҷуҳ ба самти ободонию созандагӣ шарҳу тавзеҳ дода, аз насли ҷавон ва сокинони ноҳия даъват ба амал овард, ки бо садоқати баланди ватандорӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ дар рушди бо суботи мамлакат саҳми созанда гузоранд.