Имрӯз 25 феврали соли 2025 дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъати робита бо мардум ва баррасии саривақтии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳаллу фасли масъалаҳои ҷойдоштаи маҳал, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободониву бунёдкорӣ вохӯрии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин бо сокинони Ҷамоати деҳоти Лангардара доир гардид.

Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин муовини раиси ноҳия Ғоибзода Насимҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Назарзода Толибҷон, сардори ШВКДҶТ дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ Хол, мудири бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия Раҳмониён Фаридун иштирок доштанд.

Зимни суханронии хеш раиси ноҳия оид ба амалӣ намудани нақшаву барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ андешаронӣ намуд.

Аз сокинони ноҳия оид ба саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, пешгирии омилҳои номатлуб, вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, иштирок дар ҳашарҳои умуминоҳиявӣ даъват ба амал оварда шуд.

Ҳамчунин сардори ШВКДҶТ дар ноҳия Тағойзода Сафаралӣ дар доираи масъалаи мазкур аз вазъи ногувори ҷаҳон аз ҷумла то рафт шиддат гииифтани экстремзм ва терроризм ёдовар гардида, мардумро бо меҳнати ҳалол даъват намуданд.