Ду даҳсола пеш фикр мекардам, ки ҷомеаи Тоҷикистони азиз баъди ин, кадар кашмакашиҳову худкушиҳои солҳои 90-уми асри гузашта,ба худ омадаасту аз тинҷию оромӣ ва сулҳу салоҳе, ки бо меҳнату ҷоннисоркуниҳои Сарвари оқилу дурандешу таҳаммулпазир муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Худованд эҳдо намудааст, шукрона мекунад.
Бале, барои ман навиштани сатрҳои боло хеле осон асту онҳоро аз таҳти дил ва бе ягон мадҳу ситоиш менависам. Аз ҷумлаи ҳазорон нафароне ҳастам, ки дар давраи наврасӣ ҳамаи он шӯру валворо бо чашми сар дидаву азоби гуруснагиву нодориро чашидаам, ашки чашмони модарони фарзандмурдаву фарзандони падармурдаро дидаву беқадрии мактабу маориф, ҳатто мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқу мақомотҳои ҳокимияти давлатиро дидаам.
Шоҳиди он ҳастам, ки тӯдаи яроқдор дар кӯчаҳои шаҳру деҳаҳо гашту гузор менамуданду фақат «қонунҳо»-и худро доштанду ба он амал мекарданд.
Шоҳиди он ҳастам, ки модарони азизамон ҳамроҳ бо мо-кӯдакон дидаҳо ба сӯи роҳи Кӯлоб буду интизорӣ мекашидем, ки кай падарҳоямон ба мо нон меоранд
.Шоҳиди он ҳастам, ки дар мактаб дигар муаллим намонда буду мо-хонандагонро фақат ду-се омӯзгор якҷоя ҷамъ намудаву дарс медоданд.
Магар фарзандони ҷавони миллати ин қадар азобу риққатро дида, боз ношукрӣ намуда, тарафдори ақидаву ғаразҳои ташкилоту гурӯҳҳои зидди милливу зидди давлатӣ мегарданд, ( ки ҳоло мо онҳоро зӯр зада бо забонҳои хориҷӣ эктремисту терроризм мегӯем) дуруст аст? Ин ҳол албатта, махсусан барои мо-насли даҳшати ҷанги шахрвандиро дидаву «шаҳд»-и онро чашида, хеле айб ҳаст.
Шояд фаромӯш сохтему дар ғафлат мондем. Не, фикр намекунам. Зеро мо ҳамон мардуме ҳастем, ки дар зери сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам омадему якдигарро нав аз наздик шинохтем.
Фақат истифодаи технологияҳои ҳозиразамон ва пешрафти воситаҳои иттилоотиро ин гуруҳҳои иртиҷоӣ ба хубӣ истифода бурданду, насли ҷавоне, ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, ба доми фиреби худ кашиданд.Албатта, шароити иқтисодиву иҷтимоӣ ҷавононро маҷбур намуд, ки дур аз падару модар қарор гиранду, барои пешрафти оила заҳмат кашанд.
Шахсан ман дар он ақидаам, ки агар дар вақташ ҳукуматдорони Федератсияи Россия ҳамаи он нафаронеро, ки сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буданд, дар вакташ дастгирӣ намекардану онҳоро имконияти зист дар қаламравашон намедоданд,шояд вазъ то ин қадар мураккаб намегашт. Ба қавле онҳо «морро дар остинашон худашон гарм карданд».Маҳз сиёсати бепарвоёнаи бародарони рус нисбат ба амнияти иттилоотӣ боиси он гашт, ки шабакаҳои интернетӣ дар ин кишвар пур аз фасоду маводҳои ҳар гуна мазмун гарданд. Албатта, ҳамаи ин боиси он шуд, ки аксаран ҷавонони тоҷик маҳз дар Россия аз тамошои ҳар гуна платформаву замимаҳои интернетӣ мағзшӯйи шуда, оқибат он ба хатари миллӣ барои давлату ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон оварда расонид.
Ҳеҷ гоҳ солҳои 2005-2015-ро фаромӯш намекунам. Ба он хотир, ки дар ин солҳо Ҳукумати кишвар ба хотири созиш сиёсати «нарм»-ро бо ақидаҳои динӣ ҷорӣ карда буд. Гуруҳҳои ҷоҳталаб аз вазъият истифода бурда, бо баҳонаи фаҳмонидани шариати дини мубини Ислом даст ба кор шудаанду маъракаҳои амри маъруфу воизхонӣ қариб, ки дар масҷидҳо
шакли гирдиҳамоиҳоро гирифт. Кор ҳатто ба ҷое расид, ки фатвову ҷавобҳои додаи домуллоҳо оид ба масъалаҳои ҳаммазмун якхела набудаву, чун солҳои 90-ум ба гурӯҳҳо ҷудошавии мардум оғоз гардид. Дар бозору дохили мошинҳо фақат фиттаҳои сӯҳбатҳои саволу ҷавобҳои домулоҳо пахш мегардиданду ришмониву ба бар кардани либосҳои бегона характери умумиро гирифт. Худ шоҳиди ҳол ҳастем, ки танҳо дар як даҳсола қариб, ки Тоҷикистони азиз ба кишвари арабӣ табдил ёфт.
Ситоиши Сарвари маорифпарвар аз мактаби омӯзгор бесабаб нест. Бо ифтихор имрӯз баён месозам, ки танҳо омӯзгорон, бале маҳз Омӯзгорон дар он солҳо дар ҳама маъракаву ҷамъомадҳо пуштибони аслии Ҳукумату ақидаҳои Президенти кишвар буданду ба он содиқ ҳастанд. Дар он солҳо вазъият ҳатто ба ҷое расида буд, ки дар дарсҳоямон баъзе шогирдонамон, ки албатта гурӯҳҳо бо онҳо кор мекарданд, ба мо ҳар хел саволҳои сиёсӣ медоданд.. Баъди мустаҳкам шудани пояҳои асоси давлат вазъ хеле ором шуду қисми зиёди дасисакорон паси панҷара рафтанду, гумон кардем, ки мушкилиҳо бартараф шуданд.
Вале не. Акнун тамоми ҷаҳонро ҷанги гибридӣ фаро гирифтаасту дар он тамоми яроқу воситаҳо, махсусан технологияҳои иттилоотӣ низ васеъ истифода бурда шуда истодаанд. Зеҳни сунъӣ, ки ихтирову инкишофи он бояд сабабгори пешрафти мардумони ҷаҳон мешуд, акнун барои аз байн бурдани давлатҳову ташкил намудани низоъҳои дохилӣ ба яроқи асосӣ табдил ёфтааст.
Дар шароити ба амал омада саҳми омӯзгорон, махсусан омӯзгорони технологияҳои иттилоотӣ дар самти огоҳонии мардум басо назаррасу саривақтист. Маҳз мутахассиси соҳибкасб метавонад, фарқи иттилооти дурӯғу ростро ба мардуми оддӣ расонад. Барои ин зарур аст, ки ӯ бояд пеш аз ҳама нафари ватандӯсту ватанпарвар, нафари худогоҳу донишманд ва дорои маҳорату малакаҳои корӣ бо технологияҳои ҳозиразамон бошад. Фақат бароямон ҷуръат даркор аст, ки аз тариқи сомонаву шабакаҳои интернетӣ, ки ба манбаъи асосии дарёфти иттилоот табдил ёфтааст, ақидаҳои худро бо далелҳои муътамад баён созем.Таъкидҳои Пешвои миллат, ки дар Паёми имсолаашон, ки асосан барои рушду равнақ сохтани соҳаи технологияи иттилоотӣ ва тайёр сохтани мутахассисони лаёқатманд бахшида шуда буд, гувоҳи он аст, ки Президенти кишвар аз мо умеди хеле калон доранд.
Дар замони ҳозира ягона роҳи раҳоӣ аз хатари пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳову ақидаҳои иртиҷоӣ дар он аст, ки аксарияти истифодабарандагони технологияҳои иттилоотӣ бо фарҳангу маданияти истифодабарии онҳо шинос бошанду дар ин замина барои нигоҳу эмин доштани иттилотҳои шахсиашон кӯшиш намоянд. Ҳамчунин алоқаи доимии онҳо бо фарзандон, аллалхусус фарзандони дар муҳоҷират буда, пайваста бошанду фирефтаи пулҳои равонкардаашон нашаванд. Зеро, баъд хеле дер мешаваду изҳори пушаймонӣ дигар фойда надорад.
Асламов Абдулваҳоб
Омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ
МТМУ № 30, ноҳияи Ш.Шоҳин.