5 феврали соли 2025 дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии мамлакат рӯзи 28-уми декабри соли 2024 ва дар Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 17-уми январи соли 2025 баён гардиданд, вохӯрии раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин бо фаъолони деҳаҳои Даҳбед ва Девдори Ҷамоати деҳоти Теҳрай баргузор гардид.

      Дар вохӯрии мазкур муовини раиси ноҳия оид ба самти идеологӣ Ғоибзода Насимҷон, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Баҳодур, Шамсимадзода Фахриддин раиси кумитаи идораи замин ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия иштирок доштанд.

     Раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин вохӯриро оғоз намуда, таъкид дошт, ки мулоқоти имрӯза дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадаф ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, пешгирии таълимоти ғайрирасмии динӣ, хурофот, бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, дар ин замина ҷалби шаҳрвандон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ мебошад.

      Таъкид гардид, ки нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва дар ин замина зарурати омӯзиши илмҳои дунявӣ, аҳамияти ҷидди зоҳир намудан ба таълиму тарбияи насли наврас, воқиф будан аз ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ва ҳамеша омода будан барои ҳифзи марзу буми кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мост.

      Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ рўйдодҳои бисёр пуртаҳлукаю ҳассоси таърихиро пушти сар намуда, дастовардҳои имрўзаи кишвар, ки бо хизматҳои тақдирсоз ва азму талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд, насли ҷавонро ба суботу созандагӣ ҳидоят менамояд.

       Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 28-уми декабри соли 2024 таъкид намуданд, ки: «Нооромиву низоъҳо дар минтақаҳои гуногуни олам, шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо миёни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин, канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот ва дигар омилҳои берунӣ моро водор месозанд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири манфии онҳо ба иқтисодиёти кишвар тадбирҳои саривақтӣ андешем».

       Дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат роҳнамои зиндагии шоиста буда, ҳар яки моро водор месозад, ки ҳамеша зираку ҳушёр ва ватандӯсту меҳанпарвар бошем. Бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, муҳим аст, ки тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро ғояи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандўстиву ватанпарастӣ, таъмини амният ва татбиқи манфиатҳои умумимиллӣ ташкил диҳанд.

       Намояндаи шуъбаи дар ноҳиябудаи амнияти миллӣ доир ба сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати мамлакат ва расидан ба қадри истиқлолу озодӣ ибрози андеша намуда, сокинонро бо меҳнати ҳалолу тарбияи дурусти фарзандон ҳидоят намуданд.

  Изҳори боварӣ карда шуд, ки сокинони бонангу номуси диёр бо шукргузорӣ аз сулҳу амнияти пойдор дар рушду ободии мамлакат ва пешгирии ҳамагуна падидаҳои номатлуб саҳми арзанда гузошта, баҳри истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бештар саъю талош менамоянд.