Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, онҳо таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа кумакҳои моддӣ ва туҳфаҳо расонида мешаванд.
Дар доираи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба шахсони эҳтиёҷманд, кӯдакони ятиму бепарастор ва дорои имконияташон маҳдуд дар арафаи соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернатии ҷумҳуриявии барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кумакҳои Пешвои миллат дастрас карда шуд. Дар маросими тақдими туҳфаҳо Аззизода Ш.Н -Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафарзода Х.А Сармутахссиси раёсати рушди иҷтимоии ДИП Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷидзода Ҷ – сардори раёсати муассисаҳои томактабии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдулдзода З – сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон, Гулзода З.Ш — раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, мудири шуъбаи маориф Давлатзода Б иштирок намуданд.
Баъди боздид ва шиносои аз шароити зисти тарбиятгирандагон ва ҳолати синфхонаҳои таълимӣ ба 138 тарбиятгирандагони муассисаи мазкур дастархони идона ороста шуда, дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои Сарвари давлат дастраст карда шуд.
Гуфта шуд, ки Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таълиму тарбияи кӯдакони ятиму бепарасторро дар ҷойи аввал гузошта, баҳри беҳтар намудани шароити буду боши онҳо пайваста ғамхорӣ менамоянд. Инчунин, баъди хатми мактаб-интернатҳо ба ин қишри ҷомеа барои дохил шудан ба муассисаҳои касбӣ ва олии мамлакат имтиёзҳо дода мешавад.
«Дар ин ҷо барои мо ятимон беҳтарин шароити зиндагӣ ва таълиму тарбия фароҳам оварда шудааст, ки мо аз он истифода менамоем. Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхории навбатӣ ва туҳфаҳои идона изҳори сипос минатдорӣ намуда ваъда медиҳем, ки бо баҳои хубу аъло таҳсил карда, бо рафтору кирдори намунавӣ пайрави Пешвои миллат буданамонро дар амал исбот менамоем» иброз намуданд тарбиятгирандагони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.