26 декабри соли 2024 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар фароварди маҷлис, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи расонидани кӯмак ба ятимону бепарасторон ва маъюбону оилаҳои эҳтиёҷманд таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин зери роҳбарии раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин дар арафаи Соли Нави Мелодии 2025 ба 40 нафар тарбиятгирандагони маркази «Тавонбахшӣ»-и ноҳия, ки нуқсони модарзотӣ доранд, инчунин зиёда ба сад нафар оилаҳои бепарастор ва аз табақаҳои эҳтиёҷманд кӯмакҳои моддӣ ва туҳфаҳои солинавиро тақдим намуд, ки иқдоми мазкур дар партави сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон сурат гирифта, нишонаи таваҷҷуҳ ба қишри ниёзманди аҳолӣ дар арафаи санаҳои муҳими давлатӣ мебошад.
Ҳамчунин дар ҳамин рӯз раиси ноҳия ба кӯдакистони ноҳия ташриф оварда, аз шароити буду бош ва таҳсили онҳо шинос шуда, ба онҳо туҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд.