Санаи 21- уми декабри соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» маҳфили эҷодии ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид, ки Мадина Саидализода хонандаи синфи 10-и муассисаи таълимии №1-и ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сазовори шоҳҷоиза гардид.
Мадина дар даври аввали маҳфили мазкур, ки бо ташаббуси «Китобхонаи оммавии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин» дар маркази ноҳия байни наврасону ҷавонони суханвару сухандон ва дӯстдорони ин маҳфил ташкил ва гузаронида шуд соҳиби ҷойи аввал гардида роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гардид.
Дар маҳфили эҷодии ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» Муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон устод Сафарзода Давлат Шариф, сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳангӣ- фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Низомӣ, дотсенти кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографияшиносии ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода устод Маҳмудов Гадобек ва директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» Сафарзода Ҳусайн иштирок намуда, ба маҳорату малакаи суханварии Мадина баҳои баланд дода Шоҳҷоизаи ин маҳфили эҷодиро сазовор донистанд.
Ин дастовардро ба тамоми хонандагону омӯзгорон ва сокинони ноҳия муборакбод мегуем.