Имрӯз, 13 декабри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Иҷлосияи бисту панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум таҳти раёсати Гулзода Зафар Шамсуддин -раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раиси ноҳия, баргузор гардид.
Ба муҳокимаи вакилони Иҷлосия масъалаҳои зерин мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Ҳисоботи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар соли 2024.
Дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2025.
Дар бораи тасдиқи Нақшаи кори Маҷлиси вакилони халқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои соли 2025.
Дар бораи муқаррар намудани меъёрҳои андоз ва пардохтҳои ҳатмии алоҳида дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Дар бораи таъсис додани Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Дар бораи муқаррар намудани ҳавзаҳои интихоботӣ оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин.
Тасдиқи қарорҳои раиси ноҳия.
Нахуст тибқи регламент ҳисоботи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин дар соли 2024 шунида шуд.
Раиси ноҳия дар ҳисобот оид ба дастоварду мушкилотҳо дар соҳаҳои иҷтимоиёту иқтисодиёти ноҳия – саноат, кишоварзӣ, роҳсозӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмони иншоотҳои таъиноташон гуногун дар доираи омодагиҳои ба таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, фаъолияти бахшҳои кор бо занон ва оила, ҷавонон, дин, танзими анъана ва ҷашну маросим, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар масъалаҳои мубрам дар соли 2024 истода гузашт. Инчунин, зимни суханронӣ раиси ноҳия оид ба низоми дурусти меҳнатӣ, талаботи дастурамали коргузорӣ дар фаъолияти ниҳодҳои ноҳиявӣ ҳарф зада, ба масъулИн дастуру супоришҳо дод.
Баъди шунидани ҳисоботи раиси ноҳия вакил аз ҳавзаи интихоботии №3 деҳаи Себдара Зулфиев Ҷиёнхон ба музокира баромад.
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзномаи Иҷлосия дар бораи иҷрои буҷети ноҳия дар соли 2023 ва тасдиқи буҷети ноҳия барои соли 2025 сардори Раёсати молия Салимзода Бахтовар дар назди вакилон баромад кард.
Иҷлосия доир ба ҳамаи масъалаҳои баррасишуда, қарорҳои дахлдор қабул намуд.
Раиси ноҳия Иҷлосияро ҷамъбаст намуда, ба ҳамаи вакилони Иҷлосияи бисту панҷуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия барои фаъолияти пурсамарашон дар панҷ соли даъвати шашум изҳори сипос намуд.
Дар кори Иҷлосия -намояндаи мақомоти иҷроияи вилояти Хатлон-сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Бобоёрзода Бобоёр иштирок дошт.