Бо мақсади ривоҷу равнақ бахшидан ба рушду инкишофи санъати фалаксароӣ дар қаламрави кишвар бо ҳидоят ва дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили Рӯзи Фалак санаи 10 октябр ба тақвими ҷашнвораҳои мамлакат ворид гардидааст.

  Бо ҳамин мақсад рӯзи 10 октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳия бо иштироки раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Гулзода Зафар Шамсуддин, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ҳунармандони ноҳия ва собиқадорони соҳаи фарҳанг Рӯзи Фалак баргузор гардид.

  Сараввал раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин ба сухан баромада қайд намуданд, ки муддати 17 сол аст, ки мардуми кишвар ва кормандони соҳаи фарҳанг Рӯзи Фалакро ҳамчун рӯйдоди муҳими фарҳангӣ хотирмон таҷлил менамоянд.

  Таҷлили ин ҷашн муҳимтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, он дар рушди минбаъдаи санъати сарояндагӣ, мусиқии миллии халқӣ, тарғибу ташвиқи эҷодиёти бадеӣ ва фолклору мардумшиносӣ, ки аз эҷодиёти бою рангини халқ сарчашма мегирад, нақши шоиста дорад.

Имрӯзҳо маҳз бо талошу заҳматҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлилу тақдир ва гиромӣ доштани жанри мусиқии фалак боз ҳам ҷилову рангинтар гардид.

  Бо пешниҳоди Пешвои миллат моҳи декбри соли 2021 дар ҷаласаи 16-уми Кумиати байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарангии ғайримодии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Париж баргузор гардид, номинаи «Фалак» ба Феҳристи мероси ғайримодии башарият расман ворид гардид, ки онро ҳамчун падидаи боз ҳам тақвият ёфтани нуфузу эҳтибори фарҳанги миллат дар ҳарсаи ҷаҳонӣ маънидод намудан мумкин аст.

  Давоми даҳсолаҳо гузаштагонамон бо воситаи он орзуву ормонҳои худро таҷассум намуда, намунаҳои олии ин санати беназирро то ба даврони мо боқӣ гузоштаанд.

Аз ин рӯ бо боварӣ гуфта метавонем, ки ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ватани фалак ва макони фалаксароёни ҷумҳурӣ мебошад.

  Дар давоми суханронии худ қайд карданд, ки маҳз бо заҳмату кӯшишҳои як идда донандагону иҷрокунандагони санъати фалаксароии диёри мо чун Ҳошими Қосим, Одина Ҳошим, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасанов, Давлатманди Хол дар ҳамкорӣ бо дигар фалаксароёни минтақаҳои кишвар дар асри сипаригашта ва замони мо мусиқии Фалак ривоҷу равнақ ёфт ва машҳури олам гардид.

   Имрӯзҳои ҳунармандони ноҳия ин ҳунари аҷдодии хешро бо як дилгармӣ идома дода, дар ривоҷу равнақ додани жанри фалаксароӣ талошҳои бесобиқа намуда истодаанд.

Мо имрӯз аз чунин ҳунармандони худ чун Одина Ҳошимов, Давлатманд Холов, Файзалӣ Ҳасанов, Гулчера Содиқова, Содиқ Холов, Усмони Ҳайдар, Тилло Гадоев, Мараим Исоев ва даҳо дигарон меболему меҳнати онҳоро қадр менамоем.

Ва бояд гуфт, ки дар санъати фалаксароӣ орзуву ормонҳои халқ – созандагиву бунёдкорӣ ва ҳидоят ба зиндагии арзанда, намунаҳои беҳтарину нотакрори рӯҳбахш, инсонҳоро ба кору пайкори нек, амалҳои наҷиб ва нисбат ба ҳамдигар ҳалиму меҳрубон гардонанда таҷассум ёфтааст.

  Дар қисмати анҷоми чорабинӣ ба як қатор собиқадорони соҳаи фарҳанг ва фалаксароён ба тӯҳфаҳои Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин қадрдонӣ карда шуданд.

Барномаи таҳия намудаи аҳли фарҳангӣ ноҳия ба чорабинӣ ҳусни дигарро зам намуд