Дар доираи таҷлил аз ҷашни бузурги миллӣ 33-солагии Истиқлолияти дввлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабиниҳои гуногуни фарҳангию маърифатӣ баргузор гардида истодааст.

     Рӯзи 7 сентябри соли равон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия чорабинии бошукӯҳи тантанавӣ доир ба ин рӯзи тақдирсоз баргузор гардид, ки дар он намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, директори генералии ҶСК «Ширкати алюмини тоҷик» Шарифзода Шуҳрат Ҷурабой ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Бобоёрзода Бобоёр иштирок доштанд.

    Баъди садо додани Суруди миллӣ раиси ноҳия муҳтарам Гулзода Зафар Шамсуддин иштирокдорони чорабиниро ба 33 солагии Истиқлоли давлатии кишвар табрику шодбош гуфтанд.

     Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тули соҳибистиқлоли худ дар роҳи эҳё ва рушди давлатдории миллӣ бо дарназардошти хусусиятҳои ҷаҳони муосир қадамҳои устуворе гузошта, чандин ҳадафҳои муҳимро дар ин роҳи пурпечутоб ба даст овард.

Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар дар заминаи арзишҳои миллии давлатдорӣ камари ҳимат бандем.

Дастоварди бузургтарини мо тули ин солҳо барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдори миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ аст, ки маҳз бо шарофати хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик ва роҳбари оқилу фарзона муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид.

     Сипас дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали «Хизмати шоиста» ба ду нафар сокинони ноҳия, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат қадрдонӣ гардиданд, супорида шуд.

     Ҳамчунин ба 4 нафар сокинони ноҳия Сипосномаи намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастовардҳои назаррас дар рушди иқтисодии ноҳия тақдим гардид.

      Дар ин замина бо қарори раиси ноҳия 27 нафар кормандони касбу кори гуногун бо Ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардида, ба зиёда аз 40 нафар кормандону собиқадорони соҳа Сипоснома тақдим гардид.

    Баъди анҷоми чорабинии тантанавӣ ҳайати меҳмонон аз дастоварди соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия, ки дар даромадгоҳи майдони варзишии «Бахтиёри Шамс» ба марази тамошо гузошта буданд, дидан намуданд.

      Дар майдони варзишии «Бахтиёри Шамс», ки хурду калони ноҳия бо шукургузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ ҷамъ омада буданд, чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ доир карда шуд. Пеш аз оғоз раиси ноҳия ҳамаи сокинони ноҳияро ба ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику шодбош намудан.

   Сипас намояндаи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, директори генералии ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» Шарифзода Шуҳрат Ҷурабой сокинони ноҳияро аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷашни фархундаи миллӣ рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош намуданд.

      Қайд карда шуд, ки 33 сол дар сафҳаи таърих вақти зиёде набошад ҳам, вале Тоҷикистони азизи мо дар тӯли ин солҳо тарҳу симои худро ба куллӣ тағйир дода, бо оламиён дар шакли давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мақоми сазоворро соҳиб гардид. Имрӯз кишвари моро зиёда аз 200 мамлакати дунё ба расмият шинохта ва мо ба бисёре аз онҳо робитаҳои дӯстонаи ҳамкорӣ дар ҷабҳаҳои сиёсию иқтисодӣ ва маърифатию фарҳангӣ дорем.

Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолии хеш зери роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои бузургеро анҷом дод, ки дар тули 70-соли замони Шӯравӣ накарда буданд.

     Намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба сухан баромада, иштирокдорону сокинони ноҳияро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон табрику шодбош намуд.

Дар охир барномаи таҳиянамудаи аҳли фарҳанги ноҳия пешкаши ҳозирин гардонида шуд.